Тадобири шадиди амниятӣ дар баробари Кохи сафед ҳангоми таҷаммӯъи ҳаводорони Трамп
(last modified Mon, 16 Nov 2020 12:06:51 GMT )
Ноябр 16, 2020 17:06 Asia/Dushanbe

Ҳамзамон бо таҷаммӯъи ҳаводорони Доналд Трамп дар Вашингтон муқобили Кохи сафед, фазои ба шиддат амниятӣ бо ҳузури нерӯҳои амниятӣ ва мошинҳои ҷангӣ дар пойтахти Амрико ҳоким буд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Эрон Порс, ҳаводорони Трамп, ки аз манотиқи мухталифи Амрико худро ба Вашингтон расонда буданд, рӯзи шанбе дар ҳоле, ки бархе ҷалиқаи ҷангӣ бар тан доштанд, дар баробари Кохи сафед таҷаммӯъ карданд ва шиор сар доданд.

Нерӯҳои амниятии Амрико бештар хиёбонҳои атрофи Кохи сафед ва дигар сохтмонҳои муҳими давлатиро баста буданд.