Алиев: Арманистон бояд хисороти Карабоғи Кӯҳиро ҷуброн кунад
(last modified Tue, 17 Nov 2020 11:26:36 GMT )
Ноябр 17, 2020 16:26 Asia/Dushanbe
  • Алиев:Мо барои 30 сол аз Арманистон ҷуброн мегирем
    Алиев:Мо барои 30 сол аз Арманистон ҷуброн мегирем

Раиси Ҷумҳурии Озарбойҷон гуфт: Арманистон бояд масъулияти харобиҳои ба бор омада дар зерсохтҳои манотиқи мавриди муноқишаи Қарабоғро ба ӯҳда гирад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Спутник,  Илҳом Алиев афзуд: "Душман тамоми зерсохтори Қарабоғи Кӯҳиро хароб кард ва онҳо бояд барои ин тахрибкорӣ дар додгоҳи байналмилалӣ ҷавоб гӯянд."

Раиси Ҷумҳурии Озарбойҷон таъкид кард: "Бори дигар такрор мекунам, ки коршиносон ва мутахассисони байналмилалӣ бояд ин хисоротро арзёбӣ кунанд ва мо аз Арманистон барои 30 сол ҷуброн хоҳем гирифт."

Алиев идома дод: "Дар ин давра онҳо хонаҳо, ҷангалҳо ва шаҳри Калбаҷарро хароб карданд ва онҳо бояд барои ин ҳама ҷавоб гӯянд."

Рӯзи душанбе Алиев аз минтақаҳои Фузулӣ ва Ҷабраил боздид кард, ки ҳоло таҳти назорати артиши Озарбойҷон ҳастанд.

Рӯзи 10 ноябр Владимир Путин, Илҳом Алиев ва Никол Пашинян, раҳбарони Русия, Озарбойҷон ва Арманистон барои ба итмом расонидани қатъи амалиёти ҷангӣ дар Қарабоғи Кӯҳӣ баёнияҳои муштарак имзо карданд.

Тибқи ин изҳорот, Боку ва Ереван бояд дар мавқеъҳои ишғолкардаи худ таваққуф кунанд, зиндониёнро иваз кунанд ва нерӯҳои посдори сулҳи Русияро дар хатти тамос ва долони Лочин, ки Қарабоғи Кӯҳиро бо Арманистон мепайвандад, мустақар кунанд.

Алиев имзои созишномаро таслим шудани Арманистон арзёбӣ кард.

 

Бештар бихонед: