Иддаои тозаи Трамп дар бораи натиҷаи интихоботи Амрико
(last modified Thu, 19 Nov 2020 05:28:37 GMT )
Ноябр 19, 2020 10:28 Asia/Dushanbe
  • Трамп мегӯяд, теъдоди раъйҳои сабтшуда дар интихобот аз теъдоди раъйдиҳандаҳо бештар будааст
    Трамп мегӯяд, теъдоди раъйҳои сабтшуда дар интихобот аз теъдоди раъйдиҳандаҳо бештар будааст

Раис‌ҷумҳури Амрико дар бораи натиҷаи интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишвар иддаои ҷидидӣ матраҳ кард.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Доналд Трамп рӯзи чаҳоршанбе зимни такрори иддаои пирӯзӣ дар интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико дар сеюми ноябри 2020 муддаӣ шуд, теъдоди раъйҳои сабтшуда дар интихобот аз теъдоди раъйдиҳандагон бештар будааст.

Трамп ҳамчунин таъкид кард, тахаллуфи интихоботӣ дар кулли Амрико вуҷӯд доштааст.

Гузориши вижа: идомаи кашмакашҳои интихоботӣ дар Амрико

Раисиҷумҳури феълии Амрико муддаӣ аст, танҳо ба далели тақаллуби густарда муваффақ ба пирӯзӣ дар интихобот шудааст.

Бойден токунӯн 306 раъйи электрол касб кардааст, аммо Трамп бо касби 232 раъйи электрол ҳанӯз аз пазириши шикаст дар интихобот худдорӣ мекунад.

 

БЕШТАР БИХОНЕД: