Талоши Имронхон барои кашондани Толибон ба пои музокироти сулҳи Афғонистон
Сарвазири Покистон, ки дар Кобул ба сар мебарад дар нишасти хабарӣ бо раиси Ҷумҳурии Афғонистон таъкид кард Исломобод талош мекунад Толибонро ба мизи музокироти сулҳ бикашонад.
Ба гузориши шабакаи хабарии Тулӯъ Нюз, Имронхон дар нишасти хабарӣ гуфт Покистон ҳар коре ки мумкин бошад барои коҳиши хушунатҳо дар Афғонистон анҷом хоҳад дод.
Раиси ҳазби Инсофи Покистон (ҳизби ҳоким) афзуд "Покистон хоҳони барқарории сулҳ ва таъмини амният дар Афғонистон аст ва поёни ҷанг дар Афғонистон низ ба нафъи минтақа ва ҳамчунин Покистон аст.
Сарвазири Покистон аз Ашраф Ғанӣ, ки ӯро ба Кобул даъват кард сипозгузорӣ намуд ва гуфт панҷоҳ сол дар орзуи сафар ба пойтахти Афғонистон буд, ки имрӯз таҳаққуқ ёфт.
Ашраф Ғанӣ раиси Ҷумҳурии Афғонистон низ дар ин нишасти хабарӣ, сафари Имронхонро як рӯйдоди таърихӣ унвон карда ва гуфт хости маодуми Афғонистон оташбас ва поёни ҷанг дар кишварашон ҳастанд.
Ашраф Ғанӣ низ дар июни 2019 милодӣ ба Покистон сафар карда буд.
Ин дар ҳолест, ки чанд ҳафта пеш, Абдуллоҳ Абдуллоҳ раиси шӯрои олии мусолеҳаи миллиии Афғонистон низ аз Покистон дидор кард.
Сарвазири Покистон қабл аз изҳори панҷшанбе дар садри ҳайати баландпоя ва ба манзури дидор бо мақомоти Афғонистон вориди Кобул шуд.
Вазири умури хориҷа, сарпарасти вазорати бозаргонӣ, раиси кулли созмони иттилоот ва амнияти артиши Покистон, намонядаи вижаи Покистон дар умури Афғонистон, Имронхонро дар сафари як рӯза ба Афғонистон ҳамроҳӣ мекунанд.
Сафари сарвазири Покистон ба даъвати Ашраф Ғанӣ раиси Ҷумҳурии Афғонистон анҷом мешавад ва ин аввалин сафари расмии Имронхон ба Кобул аст.
Расонаҳои Покистон сафари отии Имронхон ба Кобулро таҳаввули чашмгир дар равобити ду кишвар, тадовуми ҳамкорӣ барои мушорикат дар фароянди сулҳи Афғонистон, беҳбуди равобит ва поён додан ба норизоятиҳо миёни ду кишвар медонанд.
Бештар бихонед: