Октябр 14, 2016 18:24 Asia/Dushanbe
  • Мувофиқати Путин бо тавофуқномаи истифодаи Русия аз пойгоҳи ҳавоии Сурия

Раисиҷумҳури Русия тавофуқномаи истифодаи ин кишвар аз пойгоҳи ҳавоӣ дар Сурияро тасвиб кард.

Ба гузориши хабаргузории Ройтерз аз Маскав, Владимир Путин-раисиҷумҳури Русия, рӯзи ҷумъа тавофуқнома бо давлати Димишқро, ки ба Маскав имкон медиҳад аз пойгоҳи ҳавоии Ҳмеймим дар Сурия ба таври номаҳдуд истифода кунад, тасвиб кард.

Нерӯи ҳавоии Русия, низ ҳамалоти ҳавоӣ дар ҳимоят аз давлати Сурияро аз пойгоҳи Ҳмеймим оғоз кардааст.

Дар ин мувофиқатнома қайд шудааст, ки нерӯҳои ҳаво-фазоии Русия дар Сурия ба дархости тарафи сурӣ, дар пойгоҳи ҳавоии Ҳмеймим мустақар  мешавад.

Давлати Русия ҳамчунин ин ҳафта эълом кард, қасд дорад пойгоҳи дарёии доимӣ дар бандари Тартуси Сурия эҳдос кунад.

Кремл эълом кард, ҳазинаҳои марбут ба ин тавофуқнома дар буҷаи низомӣ дар назар гирифта шуда, дар буҷаи солонаи давлати Русия лиҳоз хоҳад шуд.

Шӯрои федератсия Русия, пештар бо доимӣ шудан ва густариши пойгоҳи нерӯи ҳаво-фазоии ин кишвар дар Ҳмеймими Сурия низ мувофиқат кард.