Рутбаи нахусти Чин дар ҷаҳон аз нигоҳи иқтисоди диҷитол
Чин бо интишори асноди "Гузориши тавсеаи интернет дар Чин ва ҷаҳон 2020" эълом кард, ки иқтисоди диҷитоли ин кишвар аз нигоҳи ҳаҷм ва суръати афзоиш дар рутбаи нахусти ҷаҳон аст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз радиои байналмилалии Чин, дар китоби "Гузориши тавсеаи интернет дар ҷаҳон 2020", ки рӯзи чоршанбе мунташир шуд, вазъияти тавсеаи интернет дар 48 кишвари бузурги ҷаҳон ба таври ҷомеъ арзёбӣ шудааст.
Натиҷаи ин арзёбӣ нишон додааст, ки панҷ кишвари Иёлати Муттаҳида, Чин, Германия, Англия ва Сингапур дар рутбабандии куллӣ аз назари тавсеаи интернет дар садр қарор гирифтаанд.
Дар "Гузориши тавсеаи интернет дар Чин 2020" ҳам омадааст, ки миқёси умумӣ ва суръати рушди иқтисоди диҷитолии (рақамии) Чин дар ҷаҳон дар ҷои аввал аст.
Тибқи ин гузориш, соли 2019 иқтисоди диҷитолии Чин ба 35,8 триллион юан расид, ки ин 36,2 фоиз тавлиди нохолиси дохилии ин кишварро ташкил медиҳад.
Дар соли гузашта теъдоди мавориди сабти ихтироъ дар заминаи ҳуши маснӯӣ дар Чин нахустин бор аз Иёлоти Муттаҳида пеш афтод ва ба 110 ҳазор маврид расид.