Ноябр 26, 2020 19:28 Asia/Dushanbe
  • Трамп имкони ҳамкории Амрико бо Русияро аз байн бурд
    Трамп имкони ҳамкории Амрико бо Русияро аз байн бурд

Раиси комиссияи умури байналмилалии Шӯрои федератсияи "Сенат"-и Русия таъкид кард, Раиси Ҷумҳурии Амрико имкони ҳамкории дуҷониба байни Вашингтон ва Маскавро аз байн бурд.

Ба гузориши ИРНА, Константин Касачёв, раиси Комиссияи умури байналмилалии Шӯрои Федератсияи Сенати Русия, гуфтааст, ки  давлати Раиси ҷумҳурии Амрико Доналд Трамп имкони ҳамкорӣ бо Русия, аз ҷумла созишномаи назорати силоҳ ва мулоқотҳои сатҳи баланд ва тамосҳои кории байни созмонҳои ду кишварро аз байн барад.

Ба гуфтаи Касачёв: Бо хуруҷи Амрико аз паймони нерӯҳои ҳастаии миёнбурд ё "Эй Эн Эф" танҳо паймони сторти ҷадид барои назорати таслиҳоти боқимонда аст, ки сарнавишти он бояд мушаххас шавад.

Касачёв таъкид кард: "Агар ин шартнома ба бойгонӣ низ фиристода шавад, мо гуфта метавонем, ки Иёлоти Муттаҳида системаи созишномаҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро дар соҳаи суботи стратегӣ ва назорати силоҳ комилан хароб мекунад."

Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия пештар дар мавриди равобити Русия  ва Амрико эълом кард: Равобити Маскав ва Вашингтон он қадар бад шудааст, ки аз ин бадтар аз ин мумкин нест.

Раиси Ҷумҳурии амрико доналд трамп, соли 2019 хуруҷи якҷонибаи ин кишвар аз паймрони "Эй Эн Эф"-ро эълом кард, ки бо вокуниши мутақобили Русия мувоҷеҳ шуд.

Паймони "Старти ҷадид", танҳо паймони таслиҳотии боқимонда байни Русия ва Амрико аст, ки дар сурати тамдид нашудани феврали 2021 мунқазӣ мешавад.

Барчасп