Ноябр 27, 2020 21:31 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Русияву Туркманистон бар афзоиши ҳамкории диҷиталӣ

Намояндагони Утоқи бозаргонӣ ва саноеи Русия ва Туркманистон дар нишасте видеоӣ бар афзоиши ҳамкориҳои дуҷониба дар заминаи диҷиталӣ таъкид карданд.

Дар ин нишасти видеоӣ, ки байни намояндагони утоқи бозаргонӣ ва саноеи Русия ва намояндагони утоқи бозаргонӣ ва саноеъ ва иттиҳоди санъатгарону корофаринони Туркманистон анҷом шуд, тавсеаи тиҷорат ва потенсиали иқтисодӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар ин нишаст Давлатгелдӣ Раҷабов, раиси утоқи бозаргонии Туркманистон, Александр Аконов, муовини раиси ҷумҳурии Федератсиюни Русия ва раиси утоқи бозаргонӣ ва муовини тавсеаи минтақаӣ бо кишварҳои ИДМ ва раиси бунёди “Сколков” ҳузур доштанд.

Аконов ва Раҷабов дар ин нишаст дар мавриди тавсеаи таомул дар заминаҳои авлавияти ҳамкорӣ, ба вижа дар заминаи иртибототи диҷиталӣ ва иттилоот табодули назар ва бар тақвияти ҳамкорӣ бар тарҳҳои ҷорӣ ва оянда бо мушорикати тарафайн таъкид карданд.

 

Бештар бихонед:

 

 

 

Барчасп