Ноябр 30, 2020 16:15 Asia/Dushanbe
  • Шайх Равил Айниддин шаҳодати Муҳсин Фахризодаро ба давлат ва мардуми Эрон тасаллият гуфт
    Шайх Равил Айниддин шаҳодати Муҳсин Фахризодаро ба давлат ва мардуми Эрон тасаллият гуфт

Шайх Равил Айниддин, раиси Шӯрои муфтӣ ва Идораи дини мусалмонони Русия, дар паёме ба сафири Эрон дар Маскав Козим Ҷалолӣ террори донишманди маъруфи эрониро маҳкум кард ва ба ҳукумат ва мардуми Эрон изҳори ҳамдардӣ кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, "Шайх Равил Айниддин"  дар ин паём зимни маҳкум кардани  ин иқдоми террористӣ ибрози умедворӣ кард, ки омилони ин ҷиноят бо ҳамкории ҷомеаи ҷаҳонӣ таслими мароҷеъи қазоӣ шаванд.

Унсурҳои террористии мусаллаҳ, ҷумъаи гузашта мошини ҳомили донишманди саноати ҳастаии Эрон Муҳсини Фахризодаро ҳадафи ҳамла қарор дода ва ӯро ба шаҳодат расонданд.

Токунун бисёре аз кишварҳо ва шахсиятҳои байналмилалӣ террори донишманди ҳастаии Эрон Муҳсини Фахризодаро маҳкум кардаанд.

 

Бештар бихонед: