Декабр 03, 2020 09:56 Asia/Dushanbe
  •  Пашинян бар идомаи ҳамкории наздик бо Русия таъкид кард
     Пашинян бар идомаи ҳамкории наздик бо Русия таъкид кард

Нахуствазири Арманистон дар нишасти Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ(СПАД) эълом кард, ки дар тамоми 44 рузи муноқишаи Қарабоғ бо раисиҷумҳури Русия дар тамос мустақим будааст.

Ба гузориши хабаргузории ТАСС, Никол Пашинян, нахуствазири Арманистон дар нишасти СПАД, ки ба сурати видеоконфронс баргузор шуд, аз нақши Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия дар поён додан ба даргириҳо дар минтақаи Қарабоғ қадрдонӣ кард ва  гуфт, дар тамоми ин 44 рӯзи даргирии низомӣ бо Путин дар тамоси мустақим будем ва иқдомоти лозим барои таваққуфи куштору муҳофизат аз ҷони мардумро ба баҳс гузоштем.

Путин: Маҳдудаи кишварҳои узви СПАД ноором аст

Нахствазири Арманистон афзуд, имрӯз низ ба ҳамкории наздик бо Русияро идома хоҳем дод то масоиле ҳамчун ҷустуҷуи мафқудшудагон, табодули асирон ва аҷсодро ҳалу фасли кунем.

Даргириҳои ҷадид байни ҷумҳурии Озарбойҷону Арманистон дар 27 сентябр дар минтақаи мавриди муноқишаи Қарабоғ оғоз шуду ҳазорон нафар аз нерӯҳои ду тараф кушта ва захмӣ шуданд.

Аммо ду тараф дар рузи 10 ноябр бо миёнҷигарии Маскав барои поёни ҷанг дар Қарабоғ тавофуқ карданд ва Илҳом Алиев, раиси ҷумҳурии Озарбойҷон, Никол Пашинян ва Владимир Путин дар ин тавофуқнома бар таваққуфи ҳамаи даргириҳо тавофуқ карданд.

 

 БЕШТАР БИХОНЕД:

 

Барчасп