Декабр 03, 2020 18:51 Asia/Dushanbe
  • 10 ноябр дар тақвими миллии Озарбойҷон ҳамчун рӯзи пирӯзӣ бар Арманистон сабт мешавад
    10 ноябр дар тақвими миллии Озарбойҷон ҳамчун рӯзи пирӯзӣ бар Арманистон сабт мешавад

Дар Ҷумҳурии Озарбойҷон рӯзи 10 ноябр рӯзи пирӯзии ин кишвар ва ғалаба бар Арманистон дар муноқишаи Қарабоғ эълом шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз шабакаи TRT, Раиси Ҷумҳури Озарбойҷон Илҳом Алиев эълом кард аз ин пас ба муносибати пирӯзии ин кишвар бар Арманистон, дар рӯзи 10 ноябр дар Майдони озодии пойтахти Боку ҳар сол ҷашн ва режа баргузор хоҳад шуд.

Раиси Ҷумҳурии Озарбойҷон ҳамчунин 27 сентябр рӯзи оғози амалиёти артиши ин кишвар барои озодсозии манотиқи таҳти ишғоли нерӯҳои арманӣ дар минтақаи Қарабоғро рӯзи гиромидошти ёди шаҳидон номид.
 
Поёни си соли муноқиша бар сари Қарабоғ 

Тавофуқномаи сулҳи Қарабоғ барои оташи баси комил ва рафъи тамоми душманиҳо дар минтақаи Қарабоғ рӯзи 10 ноябр ба имзои Раиси Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев,  нахусти вазири Арманистон Никол Пошинян ва Раиси Ҷумҳурии Русия Владимир Путин расид. 
 
Бар асоси ин тавофуқ назорати манотиқӣ дар Қарабоғ, ки дар даргириҳои ахири байни низомиёни Арманистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон ба дасти нерӯҳои озарӣ афтод ба Ҷумҳурии Озарбойҷон вогузор мешуд.
 
Ҳамин тариқ, якчанд шаҳрҳои Қарабоғи Кӯҳӣ, аз ҷумла Шуша, Ҷаброил ва Зангилон аз ишғоли Арманистон озод карда шуданд.
 
Даври ҷадиди даргириҳо байни Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон дар минтақаи Қарабоғ аз бомдоди якшанбеи 27 сентябри 2020 аз сар гирифта шуд ва куштаву захмӣ шудани ҳазорон нафар аз тарафайнро дар пай дошт.

Бештар бихонед:

Барчасп