Парчами Чин дар кураи моҳ насб шуд
(last modified Sat, 05 Dec 2020 09:25:05 GMT )
Декабр 05, 2020 14:25 Asia/Dushanbe
  • Чин нахустин бор дар таърих парчами худро рӯи кураи моҳ қарор дод
    Чин нахустин бор дар таърих парчами худро рӯи кураи моҳ қарор дод

Чин ба унвони дувумин кишвари ҷаҳон ва ҳудӯди 50 сол баъд аз Амрико, парчами худро рӯи кураи моҳ ба замин зад.

Ба гузориши Синхуа, Созмони Миллии Фазоии Чин (CNSA) рӯзи шанбе тасовире мунташир кард, ки нишон медиҳад, парчами ин кишвар тавассути ковушгари “Chang'e 5”, рӯи кураи моҳ насб шудааст.

Чин ин фазопаймои бидуни сарнишинро бо ин ҳадаф партоб карда, ки намунае аз сангҳои моҳро ба замин мунтақил кунад.

 Ин аввалин талоши як кишвар барои овардани намуна аз моҳ аз даҳаи 1970 токунун аст.

Ин ковушгар ба зуддӣ амалиёти ҳаффории худро оғоз мекунад ва агар ҳама чиз бо муваффақият пеш равад, авохири моҳи ҷорӣ намунаҳоро ба замин хоҳад овард.

Мутахассисон мегӯянд, баррасии намунаҳои хоки кураи моҳ, ки ин ковушгар ҷамъоварӣ мекунад, барои ошноӣ бо таърихи хоки кураи моҳ ва ҳатто фаъолиятҳои офтоб кумаки зиёде хоҳад кард.