Декабр 06, 2020 13:04 Asia/Dushanbe
  • Бо тавваҷуҳ ба густариши вируси корона дар Русия имкони вурӯди донишҷӯён феълан ба ин кишвар вуҷӯд надорад
    Бо тавваҷуҳ ба густариши вируси корона дар Русия имкони вурӯди донишҷӯён феълан ба ин кишвар вуҷӯд надорад

Вазири маорифи Русия аз донишҷӯёни хориҷии бозмонда аз таҳсил дар донишгоҳҳои ин кишвари хост то оддӣ шудани авзои коронаӣ аз мурраххасии таҳсилӣ истифода кунанд.

Ба гузориши сомонаи шабакаи телевизионии “Мир24”, Валерий Фалков бо ишора ба ҳузур наёфтани ҳазорон донишҷӯи хориҷӣ дар донишгоҳҳои кишвараш ба далел баста будани марзҳо ва мамнуияти сафар ба Русия гуфтааст: “мо мушкили ин афродро дарак мекунем, аммо наметавонем танҳо барои донишҷӯёни хориҷӣ марзҳоро боз кунем ва бо тавваҷуҳ ба шароити густариши вируси корона дар Русия имкони вурӯди онон феълан ба ин кишвар вуҷӯд надорад”.

Вай бо ибрози таассуф аз суръати поини интернет ва қатъи барқ дар бархе кишварҳо, ки мӯҷиби бекайфият шудани омӯзиш аз роҳ дур мешавад, пешниҳод кард, ки то оддӣ шудани авзои коронаӣ донишҷӯёни хориҷӣ, мурраххасӣ бигиранд.

Вазир маорифи Русия ҳамчунин изҳор кард, имкони фарогирии омӯзишҳо аз тариқи фазои маҷозӣ барои риштаҳои улуми пизишкӣ ва баъзе аз риштаҳои муҳими дигар вуҷӯд надорад.

Ин изҳорот дар ҳоле аст, ки теъдоде аз донишҷӯёни тоҷикистонии донишгоҳҳои улуми пизишкии Русия гуфтаанд, бо вуҷӯди пардохти шаҳрия аз марокизи донишгоҳии худ ду бор ихтор гирифтаанд, ки дар сурати ҳузур наёфтан дар дарсҳо ихроҷ хоҳанд шуд.

Аз сӯи дигар омӯзиш аз тариқи фазои маҷозӣ ба далели қатъии барқ, гаронӣ ва суръати поини интернет дар Тоҷикистон барои онҳо имконпазир нест.

Дар ҳамин ҳол Игор Фролов, сафири Русия дар Душанбе гуфта буд, ки донишҷӯёни тоҷики пазиришшуда дар донишгоҳҳои Русия ҳатто дар сурати ҳузур дар ин кишвар бояд омӯзишҳоро дар фазои маҷозӣ, пайгири кунанд.

 

БЕШТАР БИХОНЕД:

 

Барчасп