Декабр 07, 2020 19:09 Asia/Dushanbe
  • Бернон: Кишварҳои дигар ҳақ надоранд мақомҳои аршади Эронро ба қатл бирасонанд
    Бернон: Кишварҳои дигар ҳақ надоранд мақомҳои аршади Эронро ба қатл бирасонанд

Ҷон Бернан, раиси собиқи Ожонси иттилооти марказии Амрико (CIA) таъкид кард: Террори Муҳсини Фахризода, донишманди ҳастаӣ ва дифоии ҷумҳурии исломии Эрон бояд маҳкум шавад.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Ҷон Бернан дар гуфтугӯ бо шабакаи “Факс нюс Сандей” таъкид кард: Эрон кишваре мустақил аст ва кишварҳои дигар ҳақ надоранд мақомҳои аршади ин кишварро ба қатл бирасонанд. Бинобар ин террори Фахризода бояд маҳкум шавад”.

Бернан пас аз интишори хабари террори Муҳсини Фахризода низ дар сафҳаи твиттерии худ ин иқдоми террористиро муҷримона тавсиф карда буд.

  • Вай ҳамчунин ин иқдоми террористиро нақзи ошкори қавонини байналмилалӣ ва ташвиқи давлатҳо барои анҷоми ҳамалоти маргбор алайҳи мақомоти хориҷӣ арзёбӣ кард.

Аносури террористии мусаллаҳ 27 ноябр мошини ҳомили Муҳсини Фахризода, раиси Созмони пажӯҳиш ва навоварии Вазорати дифоъ ва пуштибонии нерӯҳои мусаллаҳи Эронро ҳадафи ҳамла қарор додаву вайро ба шаҳодат расонданд.

Бисёре аз кишварҳои ҷаҳон террори шаҳид Фахризода, донишманди ҳастаии Эронро маҳкум карданд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп