СПАД ба террористҳо иҷозаи бозгашт намедиҳад
(last modified Sat, 15 Oct 2016 08:15:47 GMT )
Октябр 15, 2016 13:15 Asia/Dushanbe
  • СПАД ба террористҳо иҷозаи бозгашт намедиҳад

Намояндаи Русия дар Созмони Паймони Аҳдномаи Дастаҷамъӣ гуфтааст, ки кишварҳои узви ин паймон барои пешгирӣ аз пайвастани шаҳрвандон ба гурӯҳҳои ифротӣ ва ҳамчунин бозгашти онҳое, ки дар хориҷ омӯзишҳои террористӣ дидаанд, тадобири вижа дар назар гирифтааст.

Виктор Василев, намояндаи Русия дар СПАД дар ҳошияи нишасти Шӯрои сарони СПАД гуфтааст, ин иқдом бо ҳадафи мубориза бо терроризм анҷом хоҳад шуд. Ӯ ба ҳузури шаҳрвандони кишварҳои узви СПАД дар Ироқу Афғонистон низ ишора карда афзуд, ки  террористҳо аз бархе манотиқи Туркия барои рафтуомад истифода мекунанд.

ДИИШ аз ҷумлаи гурӯҳҳое аст, ки Русия ва дигар кишварҳои узви СПАД онро террористӣ эълом карда, фаъолияташро дар қаламравашон манъ кардаанд. Бар асоси гузориши расонаҳо, ҳудуди 10 ҳазор шаҳрвандони Русия ва 15 кишвари дигари пасошӯравӣ ба ДИИШ ва дигар гурӯҳҳои тундрав пайвастаанд.

Нишасти Шӯрои сарони кишварҳои узви СПАД дирӯз дар Ереван, пойтахти Арманистон баргузор шуд.