Мавзеи дугонаи Вашингтон дар қиболи хабарнигорон
(last modified Wed, 16 Dec 2020 12:22:40 GMT )
Декабр 16, 2020 17:22 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши боздошти рӯзноманигорон дар Амрико ва бархӯрди дугонаи Вашингтон
    Афзоиши боздошти рӯзноманигорон дар Амрико ва бархӯрди дугонаи Вашингтон

Амрико бо корномае торик дар масъалаҳои ҳуқуқи инсон, борҳо фирор аз посух ба афкори умумӣ, рафтори дигар кишварҳоро, аз ҷумла дар мавриди масъалаҳои озодии матбуот ва муносибат бо хабарнигорон зери суол мебарад.

Дар ҳоле, ки натоиҷи таҳқиқоти " бунёди озодии матбуот" нишон медиҳад, ки дар соли ҷорӣ, боздошти хабарнигорон дар Амрико дар ҳоли пӯшиши ахбори марбут ба эътирозот алайҳи нажодпарастии полис афзоиши чашмгире доштааст.

Тибқи ин таҳқиқот, шумораи хабарнигорони боздоштшуда дар соли 2020 нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ҳазору 200 дарсад афзудааст. Теъдоди журналистоне, ки аз ҷониби нерӯҳои амниятӣ бо истифода аз гази ашковар, тирҳои пластикӣ ва дигар абзорҳои полиси ИМА маҷрӯҳ шудаанд, низ дар муқоиса бо солҳои қаблӣ афзоиш ёфтааст.

Ҳамла ба хабарнигорон тайи эътирозот алайҳи нажодпарастии полиси Амрико дар ҳадде буд, ки комитети муҳофизат аз хабарнигорон бо судури баёнияе аз мақомоти шаҳрӣ дар саросари Амрико хост то ба нерӯҳои амниятӣ дастур диҳанд хабарнигоронро ҳадаф қарор надиҳанду тазмин кунанд, ки онҳо битавонанд дар сиҳату амнияти комил ва бидуни тарс аз захмӣ шудан ё ҳадаф гирифта шудан, вақоеи эътирозотро пӯшиш диҳанд.

Интишори ин таҳқиқот дар воқеъ як бори дигар моҳияти воқеии бархӯрди давлати Амрико бо масъалаи озодии матбуот ва озодии фаъолияти хабарнигоронро дар кишваре, ки худро пештози демократии ҳуқуқи инсонҳо қаламдод мекунад, нишон медиҳад. Дарвоқеъ Вашингтон дар ин замина низ ҳамонанди дигар маворид монанди тероризм, бархурде дугона дар пеш гирифтааст. Ба унвони мисол, нерӯҳои амниятии Амрико бидуни ҳеч гуна мулоҳизае, хабарнигорон, ба вижаи хабарнигорони ҳозир дар таҷаммӯъоти эътирозиро мавриди ҳамла қарор медиҳанду ҳатто ба дастгирии онҳо мубодират мекунанд.

 

«Тревор Тим»(Trevor Timm ) мудири иҷроии " бунёди озодии матбуот " дар хусуси афзоиши чашмгири боздошти хабарнигорон дар Амрико мегӯяд : «Ин гузориш нишон медиҳад, ки буҳрони озодии матбуот то ҳадди бесобиқае Иёлоти Муттаҳидаро даргир кардааст».

Ин дар ҳолест, ки Амрико дар бораи кишварҳои рақиб ё мухолифи худ, бархӯрди комилан мутафовит дорад ва зимни интишори гузориши солона дар бораи вазъияти ҳуқуқи башар дар ин кишварҳо, бо ҳассосияти тамом ба мавзегирӣ дар ин замина мепардозад. Намунаи ахири ин мавзӯ, наҳваи бархӯрди Амрико бо масъалаи эъдоми Руҳуллоҳ Зам аст, ки ба далели иқдомоти барандозона ва ҷосусӣ, дар Эрон эъдом шуд . Вашингтон ҳамроҳ бо иттифоқчиёни аврупоии худ дар ин замина ба мавзегирӣ пардохта ва Руҳуллоҳи Замро ба унвони як хабарнигор қаламдод ва эъдоми вайро маҳкум кардааст.

Бо ишора ба эъдоми Руҳуллоҳи Зам дар Эрон, Эллиотт Абрамс, намояндаи вижаи котиби давлатии ИМА дар Эрон, изҳор намуд, ки ҳукумати Эрон рӯзноманигорро рабуда ва сипас эъдом кардааст.

Дар асл, маъмурияти Трамп кӯшиш кард, ки Рӯҳуллоҳ Замро ҳамчун як рӯзноманигор нишон диҳад, то ҷиноятҳои бузурги амниятии содиркардаашро нодида гирад. Саволе ба миён меояд, ки агар бархӯрди хушунатомез ба рӯзноманигорон нафратовар ва бар хилофи принсипи озодии матбуот бошад, пас чаро ҳукумати  Амрико нисбат ба рӯзноманигорони дохили кишвар, ки дар вазифа хидмат кардаанд, шадидтарин рафтор кардааст?

 

Бештар бихонед: