Ҷунбиши мардумӣ алайҳи Бонки Абу-Даби бинобар шартнома бо режими саҳюнистӣ
https://parstoday.ir/tg/news/world-i59991
Манобеи огоҳ аз оғози ҷунбиши мардумӣ барои таҳрими бонки "Абу-Даби"ба далели қарордоди ҳамкорӣ бо банки "Леуми"-и режими саҳюнистӣ хабар дод.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Декабр 17, 2020 20:38 Asia/Dushanbe
  • Ҷунбиши мардумӣ алайҳи Бонки Абу-Даби бинобар шартнома бо режими саҳюнистӣ
    Ҷунбиши мардумӣ алайҳи Бонки Абу-Даби бинобар шартнома бо режими саҳюнистӣ

Манобеи огоҳ аз оғози ҷунбиши мардумӣ барои таҳрими бонки "Абу-Даби"ба далели қарордоди ҳамкорӣ бо банки "Леуми"-и режими саҳюнистӣ хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Банки исломии Абу-Даби 16 сентябрии гузашта, ёддошти тафоҳуми ҳамкориро бо банки "Леуми" ба унвони дуввумин банки бузурги режими саҳюнистӣ имзо кард. 

Ҳисобии твиттерии "Мин аҷли Фаластин ", ки дар ростои ҷунбиши мардумӣ барои таҳрими ниҳодҳои сахюнистзада фоаолият мекунад эълом кард, ҷунбиши мардумӣ барои таҳрими банки Абу-даби а имрӯз панҷшанбе оғоз мешавад.

Масъулони банки "Леуми" ибрози умидвори карда буданд, ёддошти тафоҳуми мазкур фурсати ҷадидеро барои муштариён, ҷиҳати ҳаморӣ ва тиҷорат ё сафар ба Исроил, фароҳам кунад. 

Банки "Леуми"-и режими саҳюнистӣ дар фаолиятҳои шаҳраксозӣ дар арозии ишғолии Фаластин даст дорад ва номи он дар феҳристи ширкатҳои ҳомии шаҳраксозӣ, ки тавассути Созмони Милал таҳия шуда, қарор дорад. 

Аморот баъди эъломи тавофуқи созиш бо режими ишғолгари Қудс, 50 сентябр дар Кохи сафед бо ҳузури "Доналд Трамп" раиси Ҷумҳурии Амрико ва "Бинямин Нетаняҳу" сарвазири Исроил, тавофуқи оддисозии равобитро имзо кард.