Пурсуръаттарин мушаки ҷаҳон, ки ба ҳар нуқтае дар хоки Амрико мерасад
(last modified Fri, 18 Dec 2020 14:42:36 GMT )
Декабр 18, 2020 19:42 Asia/Dushanbe
  • Суръати Авангард беш аз 25 ҳазор километр дар соат аст
    Суръати Авангард беш аз 25 ҳазор километр дар соат аст

“Авангард”, сари ҷангии мушаки русии RS-18 бо суръати беназири 20 мох (беш аз 25 ҳазор километр бар соат) ба ҳар нуқтае дар Амрико дастрасӣ дорад.

Ба гуфтаи коршиносон ҳеч падофанде дар ҷаҳон қодир ба задани мушакҳои русӣ, ки бо сари ҷангии “Авангард” муҷаҳҳаз шудаанд, нест.

Ба навиштаи “Спутник”, Владимир Путин дар конфронси хабарии солонаи худ рӯзи панҷшанбе гуфт, ки падофанди мушакии Амрико наметавонад монеъе дар баробари мушакҳои ҷадиди русӣ, ба хусус системаи «Авангард» бошад. Сари ҷангие, ки бар рӯйи мушакҳои русӣ баста шудаву ба сабаби суръати беназири он (20 мох) ҳеч падофанде қодир ба шикори он нест.

Ба гуфтаи мутахассисони рус, суръати ин сомона ба 27 мох низ метавонад бирасад.

Авангард маъмулан бар рӯйи мушакҳои болистики сангине ҳамонанди UR-100UTTKh, R-36M2 ва RS-28 Sarmat ҳам метавонад ба кор биравад.

Ин сари ҷангӣ маъмулан бар рӯйи мӯшаки UR-100N (номи дигари он RS-18) баста мешаваду метавонад пас аз тайи масофате аз мушак ҷудо шудаву худ ба масир идома диҳад ва метавонад масири худро чанд километр болотар аз лояҳои ҷав тай кардаву ба ҳадафи худ бирасад, бидуни ин ки сомонаҳои дифои мушакӣ битавонанд онро раҳгирӣ кунанд.

Воҳидҳои мушакии Русия дар ҳоли ҳозир ба ин сомона муҷаҳҳаз ҳастанд.

 Виктор Мороховский, коршиноси низомии рус ба Спутник гуфт, ки ҳеч мушаки падофандӣ қодир ба раҳгирии “Авангард” нест, зеро бо суръати боло чанд километр дар сония мепаймояд.

 

Бештар бихонед: 

Иддаои боздошти тарроҳи мушаки русии шикастнопазир

Оғози озмоиши “Рузи қиёмат” дар Русия