Декабр 19, 2020 18:46 Asia/Dushanbe
  • Танҳо сафорати ИМА дар Маскав фаъолияти худро идома хоҳад дод
    Танҳо сафорати ИМА дар Маскав фаъолияти худро идома хоҳад дод

Давлати Доналд Трамп дар охирин рӯзҳои фаъолияти худ қасд дорад ду консулгарии боқимондаи ин кишварро дапр Русия таътил кунад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз шабакаи Си Эн Эн, Вазорати умури хориҷаи Амрико бар асоси номаи 10 декабр ба конгресс эълом кардааст, ки қасд дорад ҳамзамон бо омода шудани Ҷо Байден, раиси ҷумҳурии мунтахаб барои ба даст гирифтани қудрат ва афзоиши танишҳо бо Маскав, консулгариҳояшро дар шаҳри Владивосток дар Ховари дур таътил ва фаъолияти консулгарии худро дар Екатеринбург таълиқ кунад.

Бар ин  асос танҳо сафоратхонахои Амрико дар Маскав ба фаъолият идома хоҳад дод. 

Ин иқдом дар вокуниш ба аъмоли маҳдудият бар шумори коркунони намояндагиҳои сиёсии Амрико ва бунбаст миёни Вашингтон ва Маскав бар сари судури раводидҳои сиёсӣ сурат мегирад.

Даҳ дипломати амрикоии машғул ба кор дар ин консулгариҳо ба сафоратхонахои ин кишвар дар Маскав интиқол хоҳанд ёфт ва 33 корманди маҳаллии онҳо бекор хоҳанд шуд.

Си Эн Эн ҳамчунин гузориш дод, ки қарор нест иқдоме дар бораи консулгариҳои Русия дар хоки Амрико сурат гирад ва бо баста шудани ин намояндагиҳои Амрико, сафоратхонахои ин кишвар дар Маскав охирин намояндагии дипломатии Вашингтон дар Русия хоҳад буд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп