Пешгӯиҳои пиразани нобинои булғорӣ барои соли 2021
(last modified Tue, 22 Dec 2020 10:23:41 GMT )
Декабр 22, 2020 15:23 Asia/Dushanbe
  • Баба Ванга қаблан аз нобудии Аврупо бо ҳамлаи шимиёӣ ё ба дасти гурӯҳҳои ифротӣ сухан гуфта буд
    Баба Ванга қаблан аз нобудии Аврупо бо ҳамлаи шимиёӣ ё ба дасти гурӯҳҳои ифротӣ сухан гуфта буд

Пиразани нобинои булғорӣ, ки бо пешгӯиҳои фавқулодааш "Нострадамуси Балкан" лақаб гирифтааст, пешбинӣ мекунад, ки соли 2021 ҳаёти Доналд Трамп ва Владимир Путин дар маърази хатар қарор мегирад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Баба Ванга дар  ин бора гуфтааст, ки ҷони Раиси Ҷумҳурии Русия ( Владимири Путин ) дар соли 2021 ба хатар хоҳад афтод ва фарде дар дохили Кохи Кремл ӯро террор хоҳад кард.

Баба Ванга барои Трамп ҳам пешбинии мушобеҳе анҷом дода ва гуфтааст, ки Раиси Ҷумҳурии собиқи Амрико дар соли 2021 дучори бемории мармузе мешавад ва сактаи мағзӣ мекунад.

Ӯ ки дар солҳои қабл низ аз нобудии қитъаи Аврупо бо ҳамлаи шимиёӣ ё ба дасти гурӯҳҳои ифротӣ сухан гуфта буд барои соли 2021 низ аз ҳамлаи ҳастаӣ ба қитъаи Аврупо ва суқут ва нобудии комили иқтисодии ин қитъа хабар додааст.

Пешгӯиҳои дигари Баба Ванга барои соли 2021 ин аст, ки қатораҳо бо истифода аз нури офтоб парвоз хоҳанд кард, аждаҳо ба инсоният кумак хоҳад кард ва саратон комилан решакан хоҳад шуд. Ба парвоз даромадани қаторҳо бо истифода аз нури хуршед, ҳукмронӣ як аждҳо бар башарияту нобудии комили бемории саратони аст.

Пиразани булғорӣ ҳамчунин бурӯзи ҳаводиси табии бисёр зиёдеро дар соли мелодии ҷадидро пешгӯӣ кардааст.

Баба Ванга бори аввал шӯҳрати ҷаҳонӣ пайдо кард, вақте ки пешгӯии ӯ дар бораи ғарқ шудани киштии зериобии Русия "Курск" дар соли 2000 амалӣ шуд.

Ҳамчунин замоне, ки ин пиразани булғорӣ табдил шудани Чин ба абарқудрати шумораи яки ҷаҳонро пешбинӣ кард саҳми ин кишвар аз иқтисоди ҷаҳон танҳо 4, 1 дарсад буд , аммо пешбиниҳое, ки иқтисоддонони ҷаҳон ахиран аз афзоиши рушди иқтисодии ин кишвар дар оянда анҷом додаанд, дар татобиқи комил бо пешгӯйи Баба Ванга аст.

 

Бештар бихонед: