Путин: ИДМ муҳиммтарин ҷиҳатгирии сиёсати хориҷии Русия аст
-
Путин: ИДМ аз муҳиммтарин ҳавзаҳои корӣ дар арсаи сиёсати хориҷии Маскав аст
Раисиҷумҳурии Русия кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил(ИДМ)-ро аз муҳимтарин ҷиҳатгириҳо дар арсаи сиёсати хориҷии Маскав донист.
Ба гузориши хабаргузории Интерфакс, Владимир Путин рӯзи ҷумъа дар дидори ҳафтагии худ бо аъзои доимии Шӯрои амнияти ин кишвар раванди авзоъ дар кишварҳои ИДМ-ро баррасӣ кард ва афзуд, ин минтақа аз муҳиммтарин ҳавзаҳои корӣ дар арсаи сиёсати хориҷии Маскав аст ва равобити Русия бо онҳо аҳаммияти зиёде дорад.
Путин идома дод, мо бо кишварҳои ИДМ дорои тавсеъаёфтатарин равобити иқтисодӣ, фарҳангӣ, инсонӣ, хонаводагӣ ва дӯстӣ ҳастем ва ба ҳамин далел, сиёсати хориҷии Русия низ дар марҳалаи нахуст дар ҷиҳатгирӣ ба самти ин минтақаи вижа фаъолият дошта, дорад ва хоҳад дошт.
ИДМ аз кишварҳои Русия, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбакистон, Арманистон, Белорус, Молдова ва ҷумҳурии Озарбойҷон ташкил шудааст.
Гурҷистон дар соли 2008 дар пайи ҷанг бо Русия ва Украина ҳам дар соли 2018 чаҳор соли пас аз иқдоми Русия дар шибҳи ҷазираи Қрим аз гурӯҳи кишварҳои ИДМ хориҷ шуданд.
Туркманистон ҳам ҳарчанд тавофуқи таъсиси ҷомеъаи кишварҳои ИДМ-ро тасвиб карда аст ва аз кишварҳои бунёнгузори ин гурӯҳ маҳсӯб мешавад, аммо маншури баъдии ин гурӯҳро, ки барои узвият лозим буда, тасвиб накардааст.
БЕШТАР БИХОНЕД:
- Аз саргирии парвозҳои муназзами Русия бо се кишвари ИДМ
- Путин: Маҳдудаи кишварҳои узви СПАД ноором аст
- ИДМ шарики умдаи тиҷории Тоҷикистон