Оё инфиҷор дар Нэшвилли Амрико қасдӣ буд?+ Филм
(last modified Sun, 27 Dec 2020 08:23:48 GMT )
Декабр 27, 2020 13:23 Asia/Dushanbe

Др пайи вуқуъи инфиҷори даҳшатнок дар Нэшвилл (Nashville)-и иёлати Теннессии Амрико бархе аз манобеи хабарӣ аз эҳтимоли қасдона будани ин рӯйдод сухан гуфтаанд.

Ба дунболи ин инфиҷор, ки рӯзи ҷумъа рӯй дод, пулиси Нэшвилл эълом кард, ки гузоришҳое мабнӣ бар тавақуфи худрави машкӯк дарёфт кардем, аммо қабл аз онки ба он нуқта барисем, худрав мунфаҷир шуд.

Хабарнигори Ал Арабия ҳам гуфта, ки фарзияи «кантрол аз роҳи дур» дар ин инфиҷор матраҳ шудааст.

Ҳамчунин шабакаи СНН ба нақл аз бозрасони амрикоӣ гузориш дод: «миқдори маводи мунфаҷирае, ки дар инфиҷори Нэшвилл истифода шуда, то ба ҳол дар Амрико бесобиқа будааст».

Ин бозрасон гуфтаанд: «паёми ҳушдоромези баҷо монда аз худрави мунфаҷир шуда нишон медиҳад, ки омилони ин ҳодиса тамоюле ба қурбонӣ гирифтан надоштаанд».

Баъд аз шиносоии омили инфиҷори асри ҷумъа дар шаҳри Нэшвилли воқеъ дар иёлати Теннесси Амрико, расонаҳои амрикоӣ гузориш доданд, ки ин иқдом барои иртикоби худкушӣ анҷом шудааст.

Бомдоди якшанбе шабакаи «СНН»оълом кард, ки бозрасони ин парванда ба ин натиҷа расидаанд, омили инфиҷор дар ин ҳодиса кушта шудааст.

Дастикам се нафар дар ин ҳодиса маҷрӯҳ шудаанд.

Сокинони Нэшвилл соати 6:30 субҳи рӯзи ҷумъа ларзиши сахтеро эҳсос карданд ва дуде осмони ин шаҳрро фарогирифт.

  

БЕШТАР БИХОНЕД: