Ихтилофоти Амрико ва Русия ба ҷанги раводид кашид
(last modified Sun, 27 Dec 2020 10:58:29 GMT )
Декабр 27, 2020 15:58 Asia/Dushanbe
  • Русия эълом кард, Амрико «ҷанги раводид»-ро алайҳи он кишвар оғоз кардааст
    Русия эълом кард, Амрико «ҷанги раводид»-ро алайҳи он кишвар оғоз кардааст

афорати Русия дар Вашингтон эълом кард, ки Амрико «ҷанги раводид»-ро алайҳи он кишвар оғоз кардааст.

Расонаи русии РИА Новости ба нақл аз сафорати Русия дар Вашингтон эълом кард, ки тарафи амрикоӣ комилани масъӯли « бунбасти раводид» байни Русия ва Амрико ва ҳамчунин низоми табодули раводид аст.

Вашингтон Пост пештар дар гузорише бо истинод ба вазорати хориҷаи Амрико навишта буд, аз онҷо ки гирифтани визои дипломотӣ ҳатто барои вурӯди мутахассисони таъмири лифт ё сомонаҳои хомӯш кардани оташ ба Русия ниёзманди музокирот ва пайгирҳои тӯлонӣ аст ва теъдоди коркунони амрикоӣ дар сафорати ин кишвар дар Маскав бисёр кам аст, ба ҳамин хотир дипломатҳои олирутба маҷбӯр ҳастанд барф тоза карда ё корҳои хадамотии сафоратро худ анҷом диҳанд.

Сафорати Русия бо рад кардани ин иддаои Вашингтон пост таъкид кардааст, ки ин иттилоот бо вазъияти воқеи татобуқ надорад.

Сафорати Русия ҳамчунин ёдоварӣ кард, ки Вашингтон равиши мубодилаи инфиродии раводидро ба Маскав таҳмил кардааст, ки барасоси он коркунони намояндагии дипломотии Русия танҳо дар муқобили судӯри раводид барои коркунони амрикоӣ иҷозаи вурӯд пайдо мекунанд.

 

 БЕШТАР БИХОНЕД: