Ҳамла ба корвони путштибонии нерӯҳои амрикоӣ дар Ироқ
(last modified Thu, 31 Dec 2020 14:31:02 GMT )
Декабр 31, 2020 19:31 Asia/Dushanbe
  • Ҳамла ба корвони путштибонии нерӯҳои амрикоӣ дар Ироқ
    Ҳамла ба корвони путштибонии нерӯҳои амрикоӣ дар Ироқ

Як корвони пуштибонии низомиёни амрикоӣ дар наздикии марзи Кувайт бо Ироқ ҳадафи инфиҷори бомбаи канори роҳ қарор гирифт.

Ба гузориши хабаргузории Форс, як корвони пуштибонии нерӯҳои Амрико рӯзи панҷшанбе наздики гузаргоҳи «Ҷаришон» дар ҷануби Басра, зуҳри имрӯз панҷшанбе ҳадафи инфиҷори бомби канори роҳ қарор гирифт.

Ин ҳамла талафоти ҷонӣ ё хисороти молӣ дар пай надошт.

Ҳанӯз ҳеч гурӯҳе масъулияти ин инфиҷорро бар ӯҳда нагирифтааст, ҳарчанд гурӯҳи «Қосим ал-Ҷабборин» то кунун масъулияти умдаи ҳамалоти гузашта ба корвони низомиёни амрикоиро пазируфтааст.

Рӯзи сешанбе низ ду корвони ҳомили таҷҳизоти пуштибонии нерӯҳои амрикоӣ дар остони ал-Мусанно ва ад-Дивония ҳадафи инфиҷори бомби канори роҳ қарор гирифтанд.

Бисёре аз аз мардум ва гурӯҳҳои ироқӣ хоҳони хурӯҷи нерӯҳои террористии Амрико аз Ироқ ҳастанду порлумони ин кишвар низ тарҳе дар бора хуруҷи ин нерӯҳо тасвиб кардааст .