Замин, шансӣ зинда мондааст
https://parstoday.ir/tg/news/world-i60431-Замин_шансӣ_зинда_мондааст
Донишмандон бар асоси мутолиоти илмӣ, ки ахиран анҷом доданд, муддаӣ шуданд, ки ҳаёти чандмиллиард солаи кураи замин шансӣ будааст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Январ 03, 2021 11:35 Asia/Dushanbe
  • Бештари сайёрот қодир ба муқобила бо тағийроти ҷавии худ нестанд
    Бештари сайёрот қодир ба муқобила бо тағийроти ҷавии худ нестанд

Донишмандон бар асоси мутолиоти илмӣ, ки ахиран анҷом доданд, муддаӣ шуданд, ки ҳаёти чандмиллиард солаи кураи замин шансӣ будааст.

Донишмандон мегӯянд, ки бештари сайёрот қодир ба муқобила бо тағийроти ҷавии худ нестанд, дар ҳоле, ки замин ҳаёти худро ба муддати се миллиард сол ҳифз кардааст.

Профессор Тоби Тиррелл, мутахассиси заминшиносӣ изҳор кардааст: “натоиҷи озмоишҳо ва шабеҳсозиҳо нишон медиҳад, ки шанс омили аслӣ дар таъини тӯли ҳаёти сайёрот аст”.

Вай гуфт, вуҷӯди обу ҳавои мудовими пойдор ва қобили сукӯнат дар замин комилан ҳайронкунанда аст ва ин дар ҳоле аст, ки ҳамсоягони мо яъне Mars ва Venus, дамои қобил сукӯнат надоранд. Замин имрӯз на танҳо дорои дараҷаи ҳарорати қобили сукӯнат аст, балки дар тамоми муддати се то чаҳор миллиард сол ин вазъро ҳифз кардааст.

Профессор Тоби Тиррелл таъкид кард, ба ин маъно эҳтимоли ёфтани «заминҳои дугоники қобили сукӯнат» дар соири нуқоти ҷаҳон бисёр кам аст.

 БЕШТАР БИХОНЕД: