Январ 03, 2021 18:21 Asia/Dushanbe
  • Иддаои вазири хориҷаи Амрико ба хуруҷи низомиёнаш аз Афғонистон
    Иддаои вазири хориҷаи Амрико ба хуруҷи низомиёнаш аз Афғонистон

Вазири умури хориҷаи Амрико бори дигар дар иқдомоти фиребдиҳанда ва такрорӣ муддаӣ шуд шумори низомиёни ин кишвар дар Афғонистон коҳиш меёбад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Майк  Помпео  дар изҳороти худ ишорае ба шумори коҳиши низомиёни амрикоӣ  дар Афғонистон ва замони он накард. 

Ин изҳорот бидуни пуштибонии Помпео дар ҳолест, ки давлати Трамп дар остонаи тарки Кохи Сафед дар пайи расвоӣ ва шикасти интихоботи ин кишвар аст.

Вазорати дифои Амрико пеш аз ин низ иддао карда буд, ки шумори низомиёни амрикоӣ дар Афғонистон то поёни соли 2020 ба 2500 тан коҳиш хоҳад ёфт, ки ин иттифоқ токунун рӯй надодааст.

Як моҳ пеш Ҷенс Столтенберг, дабири кулли Паймони Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) хуруҷи нерӯҳои хориҷии таҳти раҳбарии Амрико аз Афғонистонро саросемавор номид.

Ҷенс Столтенберг Jens Stoltenberg дар тавҷеҳи ин иддаои худ гуфта буд бо хурӯҷи низомиёни хориҷӣ аз Афғонистон, ин кишвар паноҳгоҳи амнӣ барои террористҳо мешавад.

Ин дар ҳолест, ки ноамнӣ, ҷангу куштори мардуми мазлуми Афғонистон меросу дастовардҳои 20 солаи Амрико ва НАТО дар Афғонистон ба шумор мераваду Амрико бо ҳимоят аз тероризм ва муомилаи пинҳон бо Толибон ва гурӯҳи террористии ДИИШ Афғонистонро ноамнтар аз гузашта ва ҷавлонгоҳи гурӯҳҳои мухолифи мусаллаҳи давлати Ашраф Ғанӣ кардааст.

 

Бештар бихонед:

Барчасп