Шӯрои амнияти Созмони Милал бо аъзои ҷадид оғоз ба кор кард
(last modified Tue, 05 Jan 2021 10:34:33 GMT )
Январ 05, 2021 15:34 Asia/Dushanbe
  • Ҳинд, Норвегия, Мексика, Кения ва Ирландия аъзои ҷадиду ғайридоими Шӯрои амният ҳастанд
    Ҳинд, Норвегия, Мексика, Кения ва Ирландия аъзои ҷадиду ғайридоими Шӯрои амният ҳастанд

Аъзои ҷадиди Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид дар оғози соли 2021 мелодӣ бо барафроштани парчами худ дар муқобили ин шӯро оғоз ба кор карданд.

Ба гузориши ИРНА, намояндагони Ҳинд, Норвегия, Мексика, Кения ва Ирландия ба унвони аъзои ғайридоимии Шӯрои амнияти Созмони Милал рӯзи душанбе дар маросиме парчами худро рӯ ба рӯи Шӯрои амният барафроштанд то дар канори 10 узви дигар мавзӯоти мухталиф, аз ҷумла амнияти байналмилалиро дунбол кунанд.

Ин панҷ узви ҷадид ҷойгузини Белгия, ҷумҳурии Доминикана, Олмон, Африқои Ҷанубӣ ва Индонезия шудаанд, ки аз соли 2018 ба узвияти ғайридоими Шӯрои амнияти Созмони Милал даромада буданд.

Ҳинд, Норвегия, Мексика, Кения ва Ирландия тавонистанд дар интихоботи ҳафтодупанҷумин нишасти Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид аксарияти ороро барои узвият дар Шӯрои амният ба даст оваранд.

Шӯрои амният 15 узв дорад, ки Русия, Чин, Фаронса, Британия ва Амрико панҷ узви доим ва дорои ҳаққи вето ҳастанд ва 10 узви дигар ба таври ғайридоим дар ин шӯро ҳузур доранд, ба гунае ки ҳар сол ниме аз онҳо тағйир хоҳанд кард.

Бештар бубинед: