Дардисарҳои пахши тасвирии нисфаи Путин барои телевизиони маҳаллӣ дар Русия
Пахши тасвири нисфа нимаи Раиси Ҷумҳурии Русия Владимир Путин барои мудири яке телевизионҳои маҳаллӣ дар ин кишвар дардисарсоз шудааст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Бошгоҳи хабарнигорони ҷавони Эрон, сокинони минтақаи Калинингради Русия дар тасовири мунташир шуда аз шабакаи телевизиюнии Kaskad танҳо нимаи поини сурати Владимири Путинро медиданд.
Пас аз бурузи ин мушкил, пахши зиндаи суханронии Путин ба муносибати оғози соли нави 2021 дар ин канали телевизиюнӣ қатъ ва ба ҷои он мусиқӣ пахш шуд.
Масъулони телевизиюни маҳаллӣ нақси фанниро иллати бурузи ин мушкил эълом карданд.
Мудири шабакаи телевизиюнии Kaskad бо интишори иттилоъияе зимни узрхоҳӣ аз раиси ҷумҳури Русия эълом кард дар ҳоли баррасии ин мушкил ҳастанду муқассирони ин иттифоқро танбеҳ кардаанд.
Бештар бихонед: