Изҳороти Лавров ва Керрӣ пас аз нишасти Лозанна
Вазирони умури хориҷаи Русия ва Амрико пас аз поёни нишасти якрӯзаи Лозаннаи Швейтсария дар бораи Сурия, аз тавофуқи тарафҳои ширкаткунанда дар ин нишаст барои тадовуми тамосҳо хабар доданд.
Сергей Лавров- вазири умури хориҷаи Русия, шанбешаб дар поёни нишасти Лозанна ба хабарнигорон гуфт, дар ин музокироти пешниҳодҳое ироа шуд, ки муҳимтарини он, идомаи музокирот барои ҳалли буҳрони Сурия дар ояндаи наздик аст.
Ба гузориши хабаргузории Фаронса аз Лозанна, ба гуфтаи мақомоти Амрико ва Русия, музокироти Лозанна чаҳору ним соат баргузор шуд ва дар он роҳи ҳалли поён додан ба ҷанги дохилии Сурия, мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.
Дар ҳамин ҳол, Ҷон Керрӣ-вазири хориҷаи Амрико гуфт, бо идомаи музокирот, интизор дорем ба нақшаи роҳе барои гуфтугӯҳои сиёсӣ дар хусуси Сурия, даст пайдо кунем. Ҷон Керрӣ гуфт, шуморе аз вазирони ширкаткунанда дар ин нишаст, иддеаҳоеро барои ҳалли буҳрони Сурия ва идомаи музокирот матраҳ карданд.
Нишасти байналмилалии Сурия дар Лозаннаи Швейтсария, шанбешаб дар бораи абоди инсонӣ, сиёсӣ ва амниятии буҳрони ин кишвар баргузор шуд.
Дар ин нишаст вазирони хориҷаи кишварҳои Амрико, Русия, Қатар, Туркия, Арабистон, Эрон, Миср, Ироқ, Урдун ва ҳамчунин намояндаи Созмони Милали Муттаҳид дар умури Сурия, ширкат доштанд.