Майк Пенс пушти Трампро холӣ накард
(last modified Wed, 13 Jan 2021 05:56:10 GMT )
Январ 13, 2021 10:56 Asia/Dushanbe
  • Майк Пенс гуфта аст дар рӯзҳои поёнии раёсати ҷумҳурии Трамп алайҳи ӯ иқдом намекунад
    Майк Пенс гуфта аст дар рӯзҳои поёнии раёсати ҷумҳурии Трамп алайҳи ӯ иқдом намекунад

Муовини раиси ҷумҳурии Амрико дар номае хитоб ба раиси Маҷлиси намояндагони ин кишвар таъкид кард,ки Доналд Трампро аз мақоми худ барканор нахоҳад кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, пас аз мувофиқати Маҷлиси намояндагони Амрико бо тасвиби қатъномае, ки дар он аз Майк Пенс-муовини раиси ҷумҳур мехоҳад мутаммим(банди  иловаги)и 25-и Қонуни асосиро барои барканории Доналд Трамп фаъол кунад , Пенс дар номае ба Нанси Плоси-раиси Маҷлиси намояндагони Амрико навишт, ки барои иҷрои иловаи 25 Қонуни асосиро барои барканории Доналд Трамп, иқдом нахоҳад кард.

Пенс дар нома бидуни зикри номи Трамп навишт : « Ман бовар надорам, ки чунин иқдоме ба салоҳи кишвари мо ва ё мутобиқ бо Қонуни асосии мо бошад».

Пенс дар баёни иллати мухолифати худ бо барканории Трамп навишта аст, ки мутаммими 25 Қонуни асосӣ барои мавридҳои бесалоҳиятӣ ё нотавонии ҷисмии раиси ҷумҳурии Амрико тадвин шуда аст.

 Мутаммими 25 Қонуни асосии Амрико дар бораи барканории раиси ҷумҳур чӣ мегуяд?

 Тибқи мутаммими 25-и Қонуни асосии Амрико муовини раиси ҷумҳур ва аъзои кабина бояд аз Конгресс бихоҳанд, ки салоҳиятҳои раиси ҷумҳурро лағв кунанд ва пас аз он раиси ҷумҳури Амрико 4 рӯз замон дорад, то ба он эътироз карда рад кунад.

Пас аз он Конгресс таи 21 рӯз барои ҳалли ихтилоф талош хоҳад кард ва дар ин муддат , муовини раиси ҷумҳур вазифаҳои ӯро дар ихтиёр хоҳад дошт.

 Дар сурате, ки Конгресс натавонад ба тавофуқе дар бораи лағви салоҳиятҳои раиси ҷумҳур бирасад , вай тамоми имтиёзоту салоҳиятҳои худро ба даст хоҳад овард.

 Демократҳо дар Конгресси Амрико муътақиданд Трамп ба далели даъвати ҳаводорони худ ба шуриш салоҳияти мондан дар мақоми раиси ҷумҳурро надорад.

Бештар бихонед: