Октябр 16, 2016 18:19 Asia/Dushanbe
  • Русия: Дар Лозанна бар Сурияи дунявиву якпорча таъкид шуд

Вазорати хориҷаи Русия эълом кард, ки ширкаткунандагон дар Лозанна бар пойбандӣ ба Сурияи секулори якпорча таъкид карданд.

Вазорати хориҷаи Русия имрӯз дар баёнияе эълом кард, Маскав дар нишасти Лозанна бар ҷудо кардани гурӯҳҳои террористӣ, ба вижа Аннусраву ДИИШ аз дигар гурӯҳҳои мусаллаҳ таъкид кард.

Бар асоси ин баёния, ширкаткунандагон дар нишасти Лозанна бар сари ӣи амр тавофуқ карданд, ки ин суриҳо ҳастанд, ки ояндаи кишварашонро бо гуфтугӯӣ сиёсӣ таъйин мекунанд.

Вазорати хориҷаи Русия эълом кард, тамоми ширкаткунандагон дар музокироти Лозанна бар пойбандии худ нисбат ба ҳифзи Сурия ба унвони кишвари якпорчаи мустақили секулор таъкид карданд.

Вазорати хориҷаи Русия таъкид кард; "Амалиёти мо алайҳи ДИИШ ва Ҷабҳаи Аннусра идома хоҳад дошт".

Дар ҳамин ҳол, Димишқ низ эълом кард, ки нишасти Лозанна ба тавофуқи хубе перомуни теъдоде аз эҳтимолҳо анҷомид, ки мумкин аст ба барқарории оташбас дар Сурия бианҷомад.

 

Барчасп