Январ 14, 2021 16:17 Asia/Dushanbe
  • Коршиносон мегӯянд: бо чунин равишҳо баид аст Туркия битавонад узвияти худро дар Иттиҳоди Аврупо тасбит кунад
    Коршиносон мегӯянд: бо чунин равишҳо баид аст Туркия битавонад узвияти худро дар Иттиҳоди Аврупо тасбит кунад

Бо вуҷуди танишҳои бесобиқаи мақомҳои Анкара бо раҳбарони аврупоӣ дар як даҳаи гузашта, давлати Туркия мегӯяд, ҳамчунон дар пайи пайвастан ба Иттиҳоди Аврупо аст.

Дар идомаи дархостҳои мукаррар ва пай дар пайи раҳбарони Анкара аз Иттиҳоди Аврупо, Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раиси ҷумҳурии Туркия аз Иттиҳодия Аврупо хост, кишварашро ҷойгузини Англия дар ин иттиҳодия кунад.

Раҷаб Тайиб Эрдуғон гуфт: «Мо аз тамоюл ва хостаи худ барои дарёфти узвияти Иттиҳоди Аврупо даст накашидаем».

Вай афзуд: Адами итминони рӯзафзун, ки Брекзит ба армуғон овардааст, онҳо дар сурати узвияти Туркия аз байн меравад.

Изҳороти раиси ҷумҳурии Туркия нишон медиҳад, ки мақомоти Анкара бо вуҷуди ҷидол бо раҳбарони давлатҳои аврупоӣ, ин танишҳоро чандон ҷиддӣ талаққӣ накардаву дар ростои манофеи миллии Туркия қаламдод кардаанд.

Шакке нест, ки таҳаррукоти Туркия дар баҳри Миёназамин ва танишҳо бо Юнон заминаҳои афзоиши ихтилофҳои Анкара ва Брюсселро фароҳам кардааст.

Дар айни ҳол, бояд гуфт, дар чанд моҳи гузашта танишҳо дар шарқи баҳри Миёназамин (Медитарона) бар сари таҳаррукоти Туркия дар қиболи оғози ҳаффориҳову фаъолиятҳои иктишофӣ дар ин минтақа оғоз шудааст.

Юнон ҳам бо ҳамроҳии бархе кишварҳои аврупоӣ мегӯянд, иқдомоти Туркия ғайриқонунӣ ва танишомез аст ва ба Анкара дар бораи табаоти ин иқдомоташ ҳушдор додаанд. Туркия аммо эълом кардааст, ки ин кишвар танҳо дар ҳоли таъмини ҳуқуқи худ дар шарқи баҳри Миёназамин ва баҳри Сиёҳу Эгей аст.

Ин дар ҳолест, ки Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) низ чанде қабл хабар дод: Туркия ва Юнон як хати тамоси вижаи низомиро ба манзури поёни даргириҳои эҳтимолӣ дар баҳри Миёназамин барқарор кардаанд.

Бо муруре кутоҳ мушаххас мешавад, гузаштаи муносиботи Туркия бо Иттиҳоди Аврупо, бавижа дар як даҳаи гузашта, ҳамагӣ баёнгари танишу даргирӣ будааст.

Бо вуҷуди ин танишҳо, бархе коршиносони сиёсӣ фарозу нашебҳо дар муносиботи Туркия ва Ғарбро ношӣ аз тағйирпазирӣ дар сиёсати хориҷии ин кишвар қаламдод кардаву бар ин боваранд, ки раҳбарони Анкара тавонистаанд аз ҳамин равишҳо сиёсати хориҷии Туркияро пеш бибаранд.

Дар ҳамин замина, раиси ҷумҳурии Туркия пеш аз ин низ бар ин бовар будааст, ки ин кишвар худро дар оянда дар канори Иттиҳоди Аврупо мебинад.

Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар гуфтугӯи телефонӣ бо Шарли Мишел, раиси Шӯрои Аврупо эълом кард: «Ҳар гоми мусбат дар равобити Туркия бо Иттиҳоди Аврупо фурсати ҷадиде барои ҳар ду тараф ба шумор меравад ва Анкара худро дар оянда дар канори ин иттиҳодия ме‌бинад».

Бо вуҷуди ин изҳори назарҳои хушбинона, бархе маҳофили сиёсии мустақил сиёсатҳои давлати Эрдуғон дар бурузи таниш бо Иттиҳоди Аврупоро муғойир бо манофеи миллии давлат ва мардуми Туркия талаққӣ кардаву ба зиёни ин кишвари ҳаштодмиллионнафарӣ қаламдод кардаанд. Бо ин равияҳои мақомҳои Анкара, баид аст Туркия битавонад узвияти худро дар Иттиҳоди Аврупо тасбит кунад.

Дархости расмии Туркия барои пайвастан ба Иттиҳоди Аврупо дар рӯзи 14 апрели соли 1987 мелодӣ ироа шуд ва Туркия аз 12 декабри 1999 ба таври расмӣ ба унвони номзади узвият дар ин иттиҳодия шинохта шудаву музокирот барои узвияти Туркия аз 3 октябри соли 2005 оғоз шуд.

Бо вуҷуди ин ки музокироти расмии узвияти Туркия дар Иттиҳоди Аврупо дар соли 2005 мелодӣ оғоз шуд, ҳанӯз мавонеи умдае бар сари роҳи узвияти ин кишвар дар ин иттиҳодия вуҷуд дорад, ки аз он ҷумла метавон ба ихтилофи арзиву марзӣ ва сиёсӣ бо Кипр ва ихтилофи сиёсӣ бо Юнон, ки ҳар ду аъзои комили Иттиҳоди Аврупо ҳастанд, ишора кард.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп