Амрико нерӯҳояшро дар Ироқу Афғонистон коҳиш дод
Вазорати дифои Амрико дар баёнияе аз коҳиши шумори низомиёни ин кишвар дар Ироқу Афғонистон ба ду ҳазору 500 нафар хабар дод.
Ба гузориши хабаргузории Форс, бар асоси эъломи Пентагон, теъдоди низомиёни амрикоӣ дар Ироқ аз се ҳазору 200 нафар ба ду ҳазору 500 нафар коҳиш ёфтааст.
Аз сӯи дигар артиши террористи Амрико рӯзи ҷумъа эълом кард, шумори низомиёни ин кишвар дар Афғонистон низ ба ду ҳазору 500 нафар коҳиш ёфтааст.
Christopher Miller, сарпарасти вазорати дифои Амрико пештар аз тасмими Кохи Сафед барои коҳиши шумори низомиёни амрикоӣ дар Ироқу Афғонистон хабар дода буд.
Бисёре аз мардум ва гурӯҳҳои ироқӣ ва афғонистонӣ хоҳони хурӯҷи нерӯҳои террористи амрикоӣ аз кишварҳояшон ҳастанд ва порлумони Ироқ низ тарҳе дар бораи хурӯҷи ин нерӯҳо тасвиб кардааст.
Ироқиҳо ва афғонҳо муътақиданд, ҳузури нерӯҳои амрикоӣ дар кишварҳояшон ҷуз афзоиши ноамнӣ ва терроризму густариши тавлиди маводи мухаддир дар Афғонистон натиҷае надоштааст.
БЕШТАР БИХОНЕД:
- Намояндаи ироқӣ: мусаввабаи ихроҷи низомиёни амрикоӣ бояд иҷро шавад
- Ниҳоди амрикоӣ: 30 дарсади низомиёни бозгашта аз Афғонистон ихтилоли равонӣ доранд
- Хуруҷи комили низомиён - интизори мардуми Афғонистон аз Амрико