Вокуниши Аврупо ва Амрико ба боздошти Навалний
(last modified Mon, 18 Jan 2021 05:30:16 GMT )
Январ 18, 2021 10:30 Asia/Dushanbe
  • Алексей Навалний  ҳангоми бозгашт ба Русия дар фурудгоҳи Шереметевои  Маскав боздошт шуд
    Алексей Навалний ҳангоми бозгашт ба Русия дар фурудгоҳи Шереметевои Маскав боздошт шуд

Раиси Шурои Аврупо хостори озодии мухолифи рус шуд.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз бошгоҳи хабарнигорони ҷавони Эрон , Шарлес Мишел - раиси Шурои Аврупо рӯзи якшанбе дар паёме дар сафҳаи Тветтири худ боздошти Алексей Навалний- мунтақиди давлати Русияро иқдоми ғайриқонунӣ донист ва онро маҳкум кард.

 Раиси Шурои Аврупо  хостори озодии фаврии Алексей Навалний  шуд . Ҷек Соливон-мушовири амнияти миллии Ҷо Байден низ дар вокуниш ба боздошти Навалний  дар ҳисоби корбарии худ дар Тветтир навишт : « Навалний  бояд фавран озод шавад ва омилони ҳамла ба ҷони Навалний  бояд посухгӯ бошанд.»

Алексей Навалний  саркардаи мухолифони давлати Маскав замони вуруд ба Русия аз Олмон дар фурӯдгоҳи Шереметевои  Маскав  ба иттиҳом поймол кардани муқаррароти марбут ба муҷозоти таълиқии худ боздошт шуд.

Навалний аз 29 декабри 2020 ба далели поймолсозии паёпаи муқаррароти озодии шартнок дар феҳристи афроди таҳти таъқиби полиси федероли Русия қарор дошт .

Бар асоси эъломи расонаҳои русӣ вай то замони судури ҳукми додгоҳ дар боздошт хоҳад буд.

 Алексей Навалний  рӯзи 20 августи 2020 дар парвози дохилӣ аз Томск ба Маскав дучори беморӣ шуд ва таҳти фишорҳои байналмиллалӣ ба бемористоне дар Олмон мунтақил шуд.

Кишварҳои ғарбӣ ба хусус Олмон муддаӣ  буданд Маскав Алексей Навалнийро заҳролуд карда,  аммо Маскав  ин иттиҳомро ба шиддат рад кард.

Бештар бихонед: