Июл 02, 2022 11:02 Asia/Dushanbe
  • Хурӯҷи Русия аз чандин тавофуқ бо Шӯрои Аврупо

Русия бо фармони Михаил Мишустин, нахуствазири ин кишвар аз чандини тавофуқ бо Шӯрои Аврупо хориҷ шуд.

Бар асоси ин дастур, Русия аз гурӯҳи ҳамкории байналмилалии Шӯрои Аврупо дар заминаи мубориза бо маводи мухаддир ва эътиёд, тавофуқномаи ҳамкорӣ барои пешгирӣ ва ҳифозат дар баробари балоҳои табиӣ хориҷ мешавад.

Илова бар ин, Русия дигар дар Сандӯқи ҳимояти фарҳангии Шӯрои Аврупо ва расадхонаи самъӣ ва басарии Аврупо ҳузур нахоҳад дошт.

Русия 26 сол пеш ба Шӯрои Аврупо пайваст. Аз соли 1996 токунӯн Русия тавофуқномаҳои мутааддиде бо ин шӯро имзо кардааст.

Дар пайи афзоиши танишҳо миёни Русия ва кишварҳои аврупоӣ ба далели оғози ҷанг дар Украина, Маскав дар 15 март раванди хурӯҷ аз Шӯрои Аврупоро оғоз кард.

Дар пайи таҳоҷуми Русия ба Украина, танишҳо миёни Маскаву Аврупо афзоиш ёфтааст ба гӯнае, ки кишварҳои аврупоӣ таҳримҳои густардае алайҳи Русия вазъ карда ва Маскав низ иқдомоти мутақобил анҷом додааст.

Бештар бихонед:

Раиси Комиссияи Аврупо: Русия дигар шарики қобили эътимоде нест

 

Барчасп