Сентябр 15, 2021 20:15 Asia/Dushanbe
  • Парлумони Аврупо Аҳмади Масъудро ба нишасти Иттиҳоди Аврупо даъват кардааст

Ин дар ҳолест, чанд рӯз пеш Иттиҳод гуфта буд, ки роҳе ҷуз музокира бо Толибон дар Афғонистон вуҷуд надорад.

Бино ба гузориши Радиои "Садои Хуросон" -и Тоҷикистон, бо истинод ба "Азия Плюс"Иттиҳоди Аврупо бо судури қатъномае роҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар Панҷшер Аҳмад Масъудро барои ширкат ба нишасти Парлумон ва Шӯрои Иттиҳоди Аврупо.
Парлумони Аврупо дар мавриди Афғонистон қатънома қабул кард, ки дар он даъвати пешвои Ҷабҳаи муқовимати миллии зидди толибон дар Панҷшер Аҳмад Масъуди хурдб ба иҷлосияи Парлумони Аврупо ва Шӯрои Иттиҳоди Аврупо пешбинӣ шудааст.
Ин дар ҳолест, чанд рӯз пеш масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо гуфта буд, ки роҳе ҷуз музокира бо Толибон дар Афғонистон вуҷуд надорад ва Брюссел дар садади ҳамоҳангӣ бо аъзои Иттиҳоди Аврупо барои таъсиси намояндагии ин иттиҳод дар Кобул аст.
Дар қатънома, ки гуфта мешавад аз 36 модда иборат аст, парлумони Аврупо аз хушунатҳои “Толибон” (ҳаракати фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ) болои мардуми Афғонистон  интиқод карда, гуфтааст, ки “Покистон тавассути нерӯҳои вижа ва пуштибонии ҳавоӣ ба “Толибон” дар ҷанг алайҳи Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар Панҷшер кӯмак кардааст”.
Гуфта шудааст, ки Покистон солҳост ба унвони паноҳгоҳи амн барои “Толибон” амал мекунад.
Дархости ширкати Аҳмад Масъуд дар нишасти иттиҳоди Аврупо дар ҳолест, ки дирӯз, 14 сентябр масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо Ҷозеп Боррелл ба риояи ҳуқуқи башар дар Афғонистон таъкид кард ва афзуд, ки барои таъсир гузоштан дар ин робита ҳеҷ интихобе ҷуз робита бо Толибон вуҷуд надорад.
Аҳмад Масъуд нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллиро дар Панҷшер раҳбарӣ мекунад. Ӯ пас аз суқути Кобул ба дараи Панҷшер рафт. Ҳарчанд, Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ва Толибон дар ибтидо вориди музокира шуданд, аммо пас аз шикасти музокирот, Толибон ҳамалоти худро ба Панҷшер оғоз ва пас аз чанд рӯз эълом карданд, ки ин вилоятро ба сурати комил тасарруф кардаанд. Аммо Нерӯҳои муқовимати миллӣ мегӯянд, ки Панҷшер ба сурати комил суқут накардааст ва муқовимат идома дорад.
Расо як моҳ мешавад, ки “Толибон” Афғонистонро тасарруф кардаанд. Онҳо то ба ҳол ҳукумати расмии худро эълон накардаанд. Чанд рӯз пеш танҳо ҳайати ҳукумати худро эълон карданду халос. Вале  кишварҳои ғарбӣ ба хотири масоили ҳуқуқи башар, аз барқарор кардани робитаҳои дипломатӣ бо “Толибон” худдорӣ кардаанд ва ҳукумати ин гурӯҳро ба расмият нашнохтаанд.
 

Барчасп