Январ 20, 2021 13:19 Asia/Dushanbe
  • Трамп дар охирин нутқи худ гуфт:Ҷаҳон ба Амрикои даврони ӯ эҳтиром мегузорад
    Трамп дар охирин нутқи худ гуфт:Ҷаҳон ба Амрикои даврони ӯ эҳтиром мегузорад

Доналд Трамп дар охирин суханронии худ пеш аз тарки қудрат ҳам даст аз дуруғ гуфтан барнадошт.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА , Доналд Трамп, ки то чанд соъати дигар давраи раёсати ҷумҳуриаш дар Амрико ба поён мерасад, асри сешанбе ба вақти маҳаллӣ дар охирин суханронии худ дар мақоми раиси ҷумҳӯри Амрико гуфт : «Дар давраи мо руъёи Амрико ба ҳақиқат пайваст.»

Трамп дар ҳоле ки наздиктарин муттаҳидонаш ҳам аз рафтанаш ибрози хушҳолӣ карданд , гуфт : « Ҷаҳон бори дигар ба мо эҳтиром мегузорад , лутфан онро аз даст надиҳед.»

Трамп ҳамчунин гуфт : « Ман ба вижа ифтихор мекунам, ки пас аз чандин даҳа , аввалин раиси ҷумҳӯрӣ ҳастам, ки ҳеч ҷангеро оғоз накарда аст.»

Трамп ҳамчунин иддао кард: Амрико 100 дарсад сарзамини хилофати ДИИШ-ро озод кард.

 Раиси ҷумҳӯри Амрико фишори бештар овардан бар Эрон ва террори сардор Сулаймониро низ аз ифтихороти худ ба ҳисоб оварад ва тавофуқи  одисозии равобити чаҳор кишвари арабӣ бо режими саҳюнистиро натиҷаи дипломатияи барҷастаи давлати худ донист.

 Трамп ҳамчунин бидуни ном бурдан аз Байден аз мардуми Амрико хост барои муваффақияти раиси ҷумҳӯрии баъдӣ дуъо кунанд.

 Ҷо Байден ,ки барои ҳузур дар маросими савганди худ дар миёни тадобири шадиди амниятӣ вориди шаҳри Вашингтон шуда аст, то чанд соъати дигар расман раиси ҷумҳӯрии Амрико хоҳад шуд.

 

 Бештар бихонед:

 

Барчасп