Январ 20, 2021 22:17 Asia/Dushanbe

Доналд Трамп ҳамроҳи Милания Трамп чанд соати пеш аз поёни раёсати ҷумҳуриаш Кохи Сафедро ба мақсади пойгоҳи муштараки Эндрюс тарк кард.

Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо, Доналд Трамп ҳангоми хуруҷ аз Кохи Сафед гуфт: Худоҳофизӣ мекунам, аммо умедворам ин худоҳофизии тӯлонимуддат набошад.

Болгарди ҳомили Доналд Трамп сипас барои баргузории маросими худоҳофизӣ вориди пойгоҳи муштараки Эндрюс  шуд.

Тамоми аъзоии хонаводаи Трамп дар ин маросим ҳузур доштанд.

Трамп баъд аз ин маросим ба маҳалли иқомати худ дар Флорида меравад.

 

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп