Январ 21, 2021 10:50 Asia/Dushanbe
  • Дар Амрико раисиҷумҳури қаблӣ пеш аз тарки Кохи Сафед барои нафари баъд аз худ, рӯи мизи кораш як нома мегузорад
    Дар Амрико раисиҷумҳури қаблӣ пеш аз тарки Кохи Сафед барои нафари баъд аз худ, рӯи мизи кораш як нома мегузорад

Ҷо Байден, раисиҷумҳури ҷадиди Амрико соате баъд аз вурӯд ба Кохи Сафед дар дафтари кораш ҳузур ёфт ва дар бораи номае, ки Доналд Трамп барояш навишта буд, изҳори назар кард.

Ба гузориши торнамои шабакаи СНН, Байден, ки аз пушти мизи кораш дар Кохи Сафед сухан мегуфт, изҳор дошт: «Доналд Трамп қабл аз тарки кох, номае "бисёр саховатмандона ва баландназарона" бароям гузашта, аммо ба эҳтироми раисиҷумҳури собиқ қасд надорам муҳтавои онро фош кунам, зеро нома хусӯсӣ аст.»

Дар Амрико расм аст, ки ҳангоми интиқоли қудрат, раисиҷумҳури қаблӣ барои нафари баъд аз худ, рӯи мизи кораш як нома мегузорад ва зимни табрик ба ӯ барояш орзӯи муваффақият мекунад.

СНН ҳамчунин гузориш дод, ки хонум Мелания Трамп ҳамсари Доналд Трамп низ дар иқдоме монанд, барои хонум Ҷилл Байден, ҳамсари Ҷо Байден ва бонуи аввали ҷадиди Амрико нома гузоштааст.

Трамп субҳи чаҳоршанбе 20 январ ба вақти Вашингтон Кохи Сафедро ба мақсади иқомтгоҳаш дар Флорида тарк кард ва ҳозир ба ширкат дар маросими савганди Байден нашуд.

 

БЕШТАР БИХОНЕД:

 

Барчасп