Таркиши террористӣ дар Бағдод; 28 тан куштаву 73 нафар захмӣ
(last modified Thu, 21 Jan 2021 12:43:50 GMT )
Январ 21, 2021 17:43 Asia/Dushanbe
  • Таркиши террористӣ дар Бағдод; 28 тан куштаву 73 нафар захмӣ

Вазорати дохилаи Ироқ ҷузъиёти ду таркиши маргталабонаи зуҳри имрӯз ( панҷшанбе ) дар маркази Бағдодро мунташир кард.

 Ба гузориши ИРНА , Холид Алмуҳанно-сухангӯи вазорати дохилаи Ироқ дар бораи ҷузъиёти ду таркиши маргталабонаи зуҳри имрӯз дар майдони Алтирон дар маркази Бағдод гуфт: Аввалин террористи ҳомили камарбанди таркишӣ вонамуд карда, ки бемор аст ва вақте мардум дар атрофаш ҷамъ шуданд,худро мунфаҷир карда аст.

 Вай афзуд: Дувумин террорист низ ба фосилаи андаке вақте мардум барои интиқоли захмиҳо ҷамъ шуданд, камарбанди интиҳории худро мунфаҷир кард.

Бар асари инфиҷор дар бозори марказии Бағдод  28 тан кушта ва 73 нафар захмӣ шуданд.

 Дар паи ин  таркиш як манбаи амниятии ироқӣ гуфт:Нишасте дар сатҳи боло дар мақари амалиёти муштараки Бағдод барои баррасии авзоъи амниятии Бағдод баргузор шуда аст.

 Ҳамзамон низ ҳамаи масирҳо ва вурудиҳои мунтаҳӣ ба минтақаи амниятии сабз дар маркази Бағдод, ки дафотири теъдоде аз ниҳодҳои байналмиллалӣ , сафоратхонаҳо ва дастгоҳҳои муҳими ҳукуматӣ дар онҷо қарор дорад, баста шуда аст. Ин минтақа ду километр аз майдони Алтирон фосила дорад.

Ҳанўз ҳеч фард ё гурӯҳе масъулияти ин ду инфиҷори интиҳорӣ дар Бағдодро то кунун бар уҳда нагирифта аст.