Январ 21, 2021 19:17 Asia/Dushanbe
  • Сабти рекорди нав аз шумори қурбониёни корона дар Амрико

Бинобар эъломи донишгоҳи Ҷонз Ҳопкинз ، теъдоди ҷонбохтагон аз корона дар Амрико аз теъдоди низомиёни амрикоӣ, ки дар ҷанги ҷаҳонии дувум кушта шуданд , гузашт

Ба гузориши хабари гузории Фаронса тибқи ҷадидтарин омори ин донишгоҳ дар 24 соъати гузашта бо марги дасти кам чаҳор ҳазору 271 мавриди ҷадид , шумори қурбониёни корона дар Иёлоти муттаҳида ба 406 ҳазору як нафар афзоиш ёфт.

 Тибқи ин гузориш бо афзоиши рӯзафзӯни ҳамагирии КОВИД 19 , баррасиҳо аз ташдиди вахомати авзоъ зарфи як моҳи оянда ҳикоят дорад.

 Ба гузориши пойгоҳи итилоърасонии "Quid USA", ки омори марбут ба коронаро дар Амрикои таҷзияу таҳлил мекунад , зарфи як моҳи оянда маҷмӯи теъдоди мубталоён ба корона ба 28 339 984 нафар ва шумори қурбониёни он дар ин кишва ба 507 ҳазору 697 нафар ме‌расад.

 Нозирон амалкарди бади давлати Амрико ба раёсати ҷумҳӯрии Доналд Трампро далели вахомати буҳрони саломат тавсиф мекунанд . Амрико аз назари теъдоди талафоти ҳамагӣрӣ , дар садри феҳристи ҷаҳонӣ қарор дорад . Ҷо Байден, ки аз дируз кори худ ба унвони раиси ҷумҳурӣ ҷадиди Амрико оғоз кард , ваъдаи талош барои беҳбуди буҳрони саломат дар кишварро дода аст . Аввалин дастури иҷроии вай пас аз касби қудрат , илзомӣ шудани истифода аз ниқоб дар идороти федералӣ ва маконҳои умумӣ буд.

 

Бештар бихонед :

 

Барчасп