Музеи порисӣ ҳам муҷассамаи Трампро дур андохт
https://parstoday.ir/tg/news/world-i61018-Музеи_порисӣ_ҳам_муҷассамаи_Трампро_дур_андохт
Масъулони музеи Грифини Порис, ки маҷмӯае аз муҷассамаҳои машҳуртарин афроди дунёро дар худ ҷой додааст, қабл аз маросими савганди Ҷо Байден муҷассамаи Доналд Трампро аз музей хориҷ карданд ва ба анбор бурданд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Январ 22, 2021 19:05 Asia/Dushanbe

Масъулони музеи Грифини Порис, ки маҷмӯае аз муҷассамаҳои машҳуртарин афроди дунёро дар худ ҷой додааст, қабл аз маросими савганди Ҷо Байден муҷассамаи Доналд Трампро аз музей хориҷ карданд ва ба анбор бурданд.

Яке аз кормандони музей мегӯяд, сохти чеҳраи Трамп осон буда, зеро ӯ чеҳрае карикатурмонанд дорад, аммо ба далели ранги хоси мӯҳои Трамп онҳо замони зиёдеро барои дуруст кардани он сарф кардаанд.

Вай ҳамчунин мегӯяд, боздидкунандагон алоқа доштанд бо муҷассама акс бигиранд, аммо ҳангоми аксбардорӣ ангушти худро дар бинии муҷассама мекарданд, ки ин масъала дар музеи Грифин бесобиқа будаву масъулони музей борҳо маҷбур шуданд бинии муҷассамаро тармим кунанд!