Боздошти 600 нафар дар эътирозоти Маскав
Дар тазоҳуроти эътирозомези ғайриқонӯнии рӯзи шанбе дар Маскав ва дигар шаҳрҳои Русия дар ҳимоят аз Алексей Навалний беш аз 600 нафар аз ширкаткунандагон боздошт шуданд.
Ин тазоҳуроти эътирозомез дар ҳимоят аз Алексей Навалний, мухолифи давлати феълии Русия бар по шуд, ки ҳафтаи гузашта аз Берлин вориди Маскав шуда ва ҳангоми вурӯд ба фурӯдгоҳииӣн шаҳр боздошт шуда буд.
Тарафдорони Алексей Навалний ваъда додаанд, ки ҳафтаи оянда боз ҳам ба хиёбонҳо боз мегирданд ва ба эътирозоти худ то озодии вай идома хоҳанд дод.
Алексей Навалний ҳамвора мавриди ҳимояти Амрико ва давлатҳои аврупоии ҳомии Кохи Сафед будааст.
Кумитаи пайгирии қазоии Русия ба тозагии Алексей Навалнийро ба ихтилоси калон муттаҳам кардааст, ки ин иттиҳом метавонад барои ӯ 10 сол ҳабсу як миллион рубл (ҳудӯди 13 ҳазор доллар) ҷарима бабор оварад.
Алексей Навалний рӯзи 20 августи 2020 дар парвозии дохилӣ аз Томск ба Маскав бемор ва таҳти фишорҳои байналмилалӣ ба бемористоне дар Олмон мунтақил шуд.
Кишварҳои ғарбӣ ба хусӯси Олмон муддаӣ буданд, Маскав Алексей Навалнийро бо гази саммии навичок масмӯм кардааст, аммо Маскав ин иттиҳомро ба шиддат рад кард.
БЕШТАР БИХОНЕД:
- Тазоҳуроти тарафдорони Навалний дар чанд шаҳри Русия
- Вокуниши Аврупо ва Амрико ба боздошти Навалний
- Сабки ҷолиби эътирозот дар Русия + филм