Январ 28, 2021 18:59 Asia/Dushanbe
  • Араик Арутюнян: Пайвастани Қарабоғ ба ҷумҳурии Озарбойҷон ғайримумкин аст
    Араик Арутюнян: Пайвастани Қарабоғ ба ҷумҳурии Озарбойҷон ғайримумкин аст

Дар ҳоле ки муноқишаи арзии ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон бар сари моликияти минтақаи Қарабоғ бо имзои тавофуқномаи нуҳуми ноябри соли гузашта бо миёнҷигарии Русия ба поён расидааст, мақомҳои арманӣ ҳамчунон бар идомаи ихтилофҳо бо ҳамсояи худ таъкид доранд.

Дар ин иртибот, Араик Арутюнян, раиси ҷумҳурии худхондаи Қарабоғ пайвастани ин минтақа ба ҷумҳурии Озарбойҷон пас аз тавофуқномаи сулҳро ғайриқобили қабул донистааст.

Араик Арутюнян гуфтааст: Тағйири вазъияти ин минтақа ва пайвастани он ба ҷумҳурии Озарбойҷон пас аз тавофуқномаи сулҳ ғайримумкин аст ва арманиҳо ба мубориза барои ба расмият шинохта шудани истиқлоли байналмилалии ин минтақаи таҳти кантрол идома хоҳанд дод.

Изҳороти Араик Арутюнян нишондиҳандаи он аст ки арманиҳо ба пуштвонаи бархе давлатҳои ғарбӣ на танҳо ба манофеи худ намеандешанд, балки сирфан тамоми имконоти худро дар ҷиҳати манофеи Ғарб муттаҳид кардаанд. Давлат ва мардуми Арманистон, ки пас аз имзои тавофуқномаи моҳи ноябри соли гузашта метавонистанд бо мушорикат дар тарҳҳои иқтисодӣ, энержӣ ва транзитии ҷумҳурии Озарбойҷон ба мушкилоти дохилӣ ва минтақаии худ поён диҳанд, бо рӯйи даст гирифтани сиёсатҳои номатлуби нав, бидуни шак минтақаро вориди як ҷанги нобаробари дигар хоҳанд кард.

Табиист, ки бархе давлатҳои ғарбӣ, ба хусус Амрико, Фаронса ва Англия, ба сурати ғайримустақим режими нажодпарасти Исроил аз ҷумлаи авомили аслии таҳрики Арманистон ба идомаи ҷанг бо ҷумҳурии Озарбойҷон қаламдод мешаванд.  

Дар ҳамин иртибот Леонид Савин, сардабири рубрикаи “Геополитика”-и нашрияи русии “Столетие” ва коршиноси машҳури рус муътақид аст: “Сахттар шудани муноқишаи Қарабоғ ва даргирии мусаллаҳона дар ин минтақа метавонад заминаро барои мудохилаи Амрико дар умури кишварҳои минтақаи Қафқози Ҷанубӣ фароҳам кунад ва ба ҳамин далел бояд тамоми талошҳо барои поён додани ин муноқиша тамаркуз ёбад”.

Ногуфта намонад, ки минтақаи Қарабоғ аз даврони Шӯравии собиқ ба далели бофти ҷамъиятии хос, ки шомили аксарияте арманӣ  буд, ки иёлати худмухтор дар чорчӯби Ҷумҳурии сотсиалистии Озарбойҷон қаламдод мешуд. То пеш аз он, ҳам ҷумҳурии Озарбойҷон ва ҳам Арманистон нисбат ба он назароте доштанд, аммо навъи нигоҳи Шӯравӣ муҷиби ҷиддӣ набудани ихтилофҳои ду тараф мешуд. Бо фурӯпошии Шӯравӣ ва истиқлоли кишварҳо, ихтилофи тарафҳои озариву арманӣ бори дигар матраҳ шуд. Бо истиқлоли ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон аз Иттиҳоди ҷамоҳири Шӯравӣ дар соли 1991 мелодӣ, ихтилофҳо миёни Бокӯ ва Ереван, ки қаблан як ихтилофи дохилӣ талаққӣ мешуд, ба ихтилофи миёни ду кишвар табдил шуд.

Дар айни ҳол, бо эъломи худмухторӣ ва истиқлоли Қарабоғ, даргириҳо миён ду кишвар ҷиҳати тозае пайдо кардааст.

Дар ин шароит, тардиде нест, ки изҳороти тунду номуносиби мақомҳои арманӣ на танҳо аз мушкилоти ду кишвари ҳамсоя нахоҳад кост, балки мумкин аст оташи хашми Русияро низ дар пай дошта бошад. Бавижа, ки Русия ба сулҳи миёни ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон ниёз дорад ва бо эҷоди шароити ноамнӣ, танҳо давлатҳои бегона имкони баҳрабардорӣ, аз ҷумла ҳузур дар Қафқози Ҷанубиро ба даст хоҳанд овард.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп