Путин тавофуқномаи тамдиди 5 солаи паймони "Старти ҷадид"-ро имзо кард
Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия рӯзи ҷумъа тавофуқномаи тамдиди Паймони коҳиши таслиҳоти таҳоҷумии роҳбурдӣ байни Русия ва Амрико мавсум ба "Старти ҷадид"-ро имзо кард.
Ба гузориши ИРНА, Кремл дар баёнияе эълом кард, Владимир Путин аснодеро имзо кардааст, ки ба муҷиби он паймони “Старти ҷадид” байни Русия ва Амрико ба муддати панҷ соли дигар тамдид мешавад.
Ҳар ду маҷлиси Дума ва Шӯрои федератсияи Русия рӯзи чаҳоршанбе бо тамдиди паймони “Старти ҷадид” миёни Маскав ва Вашингтон мувофиқат карда буданд.
Ба дунболи мувофиқати давлати ҷадиди Амрико барои тамдиди паймони "Старти ҷадид", Путин лоиҳаи тамдиди ин паймонро ба Думаи Русия ироа карда буд.
Памони “Старти ҷадид” охирин паймони муҳим дар заминаи кантроли таслиҳоти ҳастаии роҳбурдӣ аст, ки ҳанӯз ба ҳаёти худ идома медиҳад.
Давлати Доналд Трамп, раисиҷумҳури пешини Амрико, ки ҳамвора ба дунболи хурӯҷ аз муъоҳидот ва тавофуқномаҳои дуҷониба ва чандҷониба буд, пештар эълом карда буд, ки Вашингтон танҳо таҳти "шароити хос"-е ҳозир аст, Паймони Старти ҷадидро тамдид кунад.
Бар асоси паймони "Старти ҷадид"-и, ки соли 2010 миёни Русия ва Амрико мунъақид шуд ду кишвар тавофуқ карданд, теъдоди кулоҳакҳои ҳастаии роҳбурдии худро ба ҳазору 550 адад мустақар бар рӯи ҳаддиаксар 700 мушаки болистики қорапаймо ва бомбафкани роҳбурдӣ маҳдуд кунанд.
БЕШТАР БИХОНЕД:
- Русия гоми нахустро барои коҳиши танишҳо бо Амрико бардошт
- Гузориши вижа: Дархости Созмони Милал барои тамдиди Паймони “старти ҷадид”