Сарпечии Амрико аз ақибнишинии комили нерӯҳояш аз Афғонистон
Бо рӯйи кор омадани Ҷо Байден ва оғози кори давлати ҷадиди Амрико дар бисёре аз сиёсатҳо ва иқдомоти давлати Трамп бознигарӣ шуда аст . Аз ҷумлаи ин мавридҳо сиёсати Вашингтон дар қиболи Афғонистон ва хурӯҷи низомиёни амрикоӣ аз ин кишвари ҷангзада аст.
Ҷон Корби-сухангӯи Пентагон ба тозагӣ муддаӣ шуд,ки Толибон таъаҳҳудоташ дар тавофуқ бо Амрикоро риоят накарда ва ба ҳамин далел Вашингтон ба хурӯҷи комили нерӯҳояш аз Афғонистон то маҳи 2021 уҳдадор нахоҳад буд . Вай иддао кард, ки Амрико ба таъаҳҳудоти худ барои ҳаллу фасли ихтилофот дар музокироти гуногун боқӣ хоҳад монд . Изҳороти ин мақоми Пентагон пас аз он матраҳ мешавад, ки Энтони Блинкин-вазири хориҷаи Амрико дар гуфтугӯи телефонӣ бо Ашрафғанӣ-раиси ҷумҳӯри Афғонистон бар ҳимояти давлати Байден аз музокироти сулҳи Афғонистон таъкид кард.
Тавофуқи Амрико ва Толибон дар давраи Трамп дар феврали 2020 дар Давҳа имзо шуд. Бар асоси ин тавофуқнома қарор буд тамоми нерӯҳои Амрико дар сурати иҷрои таъаҳҳудоти Толибон то маҳи 2021 аз Афғонистон хориҷ шаванд. Ҳамчунин қарор буд, то гуфтугӯҳои сулҳ миёни давлати Афғонистон ва Толибон оғоз шавад, аммо ин бахш аз тавофуқнома низ ба натиҷае нарасида аст.
Бо ин ҳол ду омил дар иҷроӣ шудани ин тавофуқ шубҳаву норушанӣ афканда аст.
Нахуст рӯйкарди давлати Байден, ки ҳамонанди бисёре мавориди дигар бо руйкарди давлати Трамп дар бораи хурӯҷи комили нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон мувофиқ нест.
Мақомоти давлати Байден монанди Ҷек Соливон- мушовири амнияти миллӣ ва Энтони Блинкин-вазири хориҷа дар рӯзҳои ахир бар бознигарӣ дар тавофуқи давлати Трамп бо Толибон таъкид кардаанд . Давлати Афғонистон ва Толибон пештар гуфта буданд, ки ду тараф барои пешбурди тавофуқи Давҳа , мунтазири вуруди Байден ба Кохи Сафед ҳастанд, то аз мавозеъи ӯ дар қиболи ин тавофуқ ва иқдомоташ огоҳ шаванд . Толибон ҳушдор дода, ки агар Амрико ба таъаҳҳудоташ дар хусуси хуруҷи нерӯҳои ин кишвар аз Афғонистон пойбанд набошад , ночор ба гирифтани тасмимҳои сахте хоҳад буд . Пас аз тавофуқи Амрико ва Толибон дар феврали 2020 дар Давҳаи Қатар тибқи дастури Трамп шумори низомиёни амрикоӣ дар Афғонистон то миёнаҳои январи 2021 аз 4500 тан ба 2500 нафар коҳиш пайдо кард. Панҷ ҳазор зиндонии гурӯҳи Толибон низ бар асоси ҳамин тавофуқнома аз зиндонҳои давлати Афғонистон озод шуданд, ки акнун давлати Афғонистон эълом карда шумори зиёде аз онҳо ба майдони ҷанг баргаштаанд.
Омили дуввумӣ, ки акнун ба дастовези Вашингтон барои боқӣ мондани низомиёни амрикоӣ дар Афғонистон табдил шуда, тадовуми ҳамалоти мусаллаҳона ва маргталабонаи Толибон алайҳи мавозеъи нерӯҳои амниятӣ ва низомиён дар шаҳрҳои Афғонистон аст. Толибон мутаъаҳҳид шуда буд, ки даст аз хушунат бардорад ва музокирот бо давлати марказии Афғонистон барои дастёбӣ ба сулҳро оғоз кунад. Дар воқеъ бо коҳиши шумори низомиёни Амрико дар Афғонистон акнун Толибон фурсатро муносиб дида аст ва хушунатҳо байни Толибон ва нерӯҳои давлатии Афғонистон шиддат ёфта аст.
Ҳамдуллоҳ Муҳиб-мушовири амнияти миллии Афғонистон ҳушдор дода, ки пас аз омодагии Амрико барои хурӯҷ аз Афғонистон ин кишвар бо таҳдиди воқеии ҷанги дохилӣ рӯ ба рӯ шуда аст. Амрико дар соли охири зимомдории Трамп бо хурӯҷи ғайримасъулонааш аз Афғонистон боиси эҷоди халаи амниятӣ дар ин кишвар шуда аст.
Конгресси Амрико ва Пентагон мувофиқи хурӯҷи комили низомиёни ин кишвар аз Афғонистон нестанд ва аз ин рӯ интизор мерафт, ки бо рӯйи кор омадани Байден тағйири асосӣ дар сиёсати Вашингтон дар қиболи Афғонистон сурат гирад, ки бо эъломи мавзеи Пентагон дар бораи ба таври комил хориҷ нашудани низомиёни амрикоӣ аз Афғонистон зоҳиран ин амр амалӣ шуда аст.
Бештар бихонед:
- Гузориши вижа: Тардиди коршиносон дар бораи хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон
-
Таҳлиле бар тахлияи бузургтарин пойгоҳи нерӯҳои амрикоӣ дар Лугари Афғонистон