Январ 31, 2021 21:45 Asia/Dushanbe
  • Боқӣ мондани нерӯҳои НАТО фаротар аз мӯҳлати муқарраршуда дар Афғонистон
    Боқӣ мондани нерӯҳои НАТО фаротар аз мӯҳлати муқарраршуда дар Афғонистон

НАТО эълом кард. ки фаротар аз мӯҳлати муқарраршуда дар Афғонистон боқӣ хоҳад монд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон , чаҳор мақоми аршади Созмони паймони Атлантики шимолӣ ( НАТО) эълом карданд нерӯҳои байналмилалӣ фаротар аз мӯҳлати муқарраршудаи моҳи май, ки дар тавофуқи Толибону Амрико мушаххас шуда буд, дар Афғонистон хоҳанд монд.

Идомаи ҳузури нерӯҳои байналмилалӣ дар Афғонистон мумкин аст мӯҷиби ташдиди танишҳо бо Толибон шавад, ки хостори хуруҷи комили нерӯҳои хориҷӣ аст. Як мақоми НАТО дар ин хусус хотирнишон кард: «То поёни моҳи апрел, муттаҳидон ба ҳеч унвон хуруҷи комил анҷом нахоҳанд дод».

Вай  хост номаш фош нашавад дар ин бора гуфт: « Шароит ( мадди назар ) бароварда нашудааст. Бо тавваҷӯҳ ба давлати ҷадиди ( Амрико ) , тағироте дар сиёсат ба вуҷуд хоҳад омад. Ба хуруҷи шитобзада, ки мутадовил будааст, расидагӣ хоҳад шуд ва мумкин аст мо як роҳбурди хуруҷи ҳисобшудатарро дар назар бигирем».

Сухангӯи НАТО низ дар ин хусус гуфт: «Ҳеч як аз муттаҳидони НАТО хостори идомаи ҳузур дар Афғонистон беш аз муддатзамон мавриди ниёз нест, аммо инро равшан кардаем, ки ҳузури мо бастагӣ ба шароит дорад».

Давлати раиси ҷумҳури пешини Амрико Доналд Трамп соли гузашта, тавофуқе бо Толибон имзо кард, ки бар асоси он қарор шуд ҳамаи нерӯҳои хориҷӣ то моҳи май аз Афғонистон хориҷ шаванду дар муқобил, афроди мусаллаҳ тазминҳои амниятӣ ироа кунанд.

Барчасп