Сарбози собиқадори машҳури англисӣ дар асари корона даргузашт
(last modified Wed, 03 Feb 2021 09:50:20 GMT )
Феврал 03, 2021 14:50 Asia/Dushanbe
  • Полковник Том Мур, ки 100 сол дорад,  бо тай кардани тули боғчааш тавонист 30 миллион фунт барои кумаки персонали бемористонҳои Англия ҷамъ кунад
    Полковник Том Мур, ки 100 сол дорад, бо тай кардани тули боғчааш тавонист 30 миллион фунт барои кумаки персонали бемористонҳои Англия ҷамъ кунад

Сарбози собиқадори 100 солаи англисӣ, ки тавониста буд барои кодри беҳдоштӣ ва дармони кишвараш миллионҳо юан кӯмак ҷамъоварӣ кунад аз корона даргузашт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Порсина, сарҳанг Том Мур Thomas Moore  сарбози собиқадори англисӣ, ки дар Ҷанги Дувуми Ҷаҳонӣ ширкат доштаасту ба далели бемории Ковиди 19 дар бемористон бистарӣ шуда буд ҷони худро дар асари ин беморӣ аз даст дод.

Духтури ӯ рӯзи якшанбе дар Твиттер навишта буд, ки падараш дар бемористон бистарӣ шудааст, зеро ба дастгоҳи танаффус ниёз доштааст.

Номи ин сарбози собиқадор, ки баҳори 2020 сад сола шуд, ба вижа аз замоне сари забонҳо афтод, ки ӯ тасмим гирифт барои персонели беҳдошти кишвараш дар мубориза бо корона кумаки молӣ ҷамъоварӣ кунад.

Капитан Мур ба муносибати садсолагиаш сад бор дарозоии боғчаи хонаашро ки 25 метр аст бо вокер (як намуди асо) паймуд то аз роҳи ба иштирок гузоштани видеоии он ҳазор фунт барои кумак ба кадри бемористонӣ ҷамъоварӣ кунад, аммо чизе нагузашт, ки сели кумакҳои молӣ аз дохилу хориҷ аз Англис ба сӯи сандуқи махсуси ин корзори иҷтимоӣ равона шуд.

Мур, ки дар садсолагӣ ба дараҷаи сарҳангӣ (полковник) даст ёфт дар ниҳоят тавонист ҳудуди 30 миллион фунт барои кумак ба муборизаи коронаи ҷамъоварии кунад.

Маликаи Англия ба Том Мур лақаби салтанатии Сер (оқо) эъто кард.
 
 
Бештар бихонед: