Феврал 04, 2021 15:21 Asia/Dushanbe
  • Сафири Русия дар Иёлоти Муттаҳида сиёсатмадорони мусаллаҳи Амрикоро беақл хонд
    Сафири Русия дар Иёлоти Муттаҳида сиёсатмадорони мусаллаҳи Амрикоро беақл хонд

Сафири Русия дар Амрико гуфтааст фикри оғози ҷанги ҳастаӣ бо Русия ба зеҳни сиёсатмадорон дар Амрико мерасад, ки беақл ҳастанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, Анатолий Антонов бо лаҳнии таънаомез гуфт: «Ман бар ин боварам, ки чунин иддея фақат ба зеҳни сиёсатмадороне мерасад, ки аз назари ақлӣ носолим ҳастанд.»

Ин дипломати рус дар идома ба тамдиди  созишномаи нави Старт миёни Вашингтон ва Маскав ишора кард ва гуфт, ки ин созишнома ба ҳаҷми санҷишҳои танзимии байни ду кишвар таъсир нахоҳад расонд. 

Вазири умури хориҷаи Амрико Энтони Блинкен рӯзи чоршанбеи 3 феврал дар як изҳорот эълом дошт, ки тамдиди паймони нави силоҳи START барои 5 сол то 5 феврали соли 2026 ба расмият дароварда мешавад.

Бар асоси паймони Старти ҷадид, ки соли 2010 миёни Русия ва Амрико баста шуд, ду кишвар тавофуқ карданд теъдоди кулоҳакҳои ҳастаии роҳбурдии худро ба ҳазору 550 фарванд рӯи ҳаддиаксари 700 мушаки болистики қоррапаймо ва бомбафкани роҳбурдӣ маҳдуд кунанд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп