Феврал 06, 2021 12:43 Asia/Dushanbe
  • Мавзеъи барҷомии Аврупо
    Мавзеъи барҷомии Аврупо

Бо инки Иттиҳодияи Аврупо ва сегонаи аврупоӣ пас аз хурӯҷи Амрико аз Барҷом амалкарди манфӣ дар заминаи ҳифзи он ва иҷроӣ кардани ваъдаҳои худ доштаанд , аммо ҳануз ҳам иддаои ҳимоят аз Барҷом ва пешбурди сиёсати дипломасии ҳаддиаксариро доранд.

 Дар айни ҳол иддаоҳои ҷадиди фаробарҷомии Аврупо, ки аз ҷониби Фаронса матраҳ шуда аст, нишонгари рӯйкарди дугона ва мутаноқизи Аврупо ба Барҷом аст.

 Дар ин росто Ҷозеф Борелл-масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо зимни таъкид бар зарурати ҳифзи Барҷом , хостори ҳаракат аз самти сиёсати « фишори ҳаддиаксарӣ » ба самти « дипломасии ҳаддиаксарӣ » дар баробари Эрон шуд. Борелл дар хусуси омодагии кишварҳои аврупоии узви Барҷом барои амал ба таъаҳҳудотшон зайли ин тавофуқи ҳастаӣ гуфт :« Барҷом бар асоси пойбандии Эрон ба таъаҳҳудоти ҳастаӣ дар баробари бекорсозии таҳримҳо аст. Кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо ҳамчунон ба таъаҳҳудоташон дар баробари Барҷом пойбанд хоҳанд буд».

Дар муқобил Эмануэл Макрон-раиси ҷумҳӯри Фаронса хостори барқарории музокироти ҷадид бо Эрон дар хусуси масоили ҳастаӣ ва мушакӣ шуд . Макрон барағми онки худашро як  “миёнҷии содиқ» барои музокира миёни Эрону Амрико тавсиф кард , хостори музокироти нав бо Теҳрон бо мушорикат додани Арабистони саъудӣ ва режими саҳюнистӣ шуд.

 Изҳороти ифротиёнаи раиси ҷумҳӯри Фаронса , ёдовари мавозеъи тунди ин кишвар дар остонаи дастёбӣ ба тавофуқи Барҷом дар соли 2015 аст;марҳалае, ки дар он Луриён Фабиён-вазири хориҷаи вақти Фаронса беш аз Ҷон Керри-вазири хориҷаи вақти Амрико аз зарурати контроли Эрон сухан ба миён меовард.

 Ба назар мерасад аврупоиҳо дар ростои сиёсати мутаоризу дугонаи худ дар мавриди Эрону Барҷом акнун тақсими нақш кардаанд.

 Аз як сӯ Ҷозеф Борелл ба унвони ба истилоҳ полиси хуб ифои нақш карда  ва жести хайрхоҳона ба худ гирифта ва аз зарурати дар пеш гирифтани сиёсати дипломасии ҳаддиаксарӣ ва низ пойбандии тарафҳои аврупоӣ ба таъаҳҳудоти барҷомии худ сухан мегуяд. Вай корзори фишори ҳаддиаксарии Амрикоро, ки давлати Трамп аз майи 2018 сарлавҳаи рӯйкарди худ дар қиболи Эрон қарор дод нодуруст медонад .Аз ин рӯ акнун тавсия мекунад тарафҳои дигари Барҷом аз ҷумла Амрико бо тавваҷуҳ ба рӯйи кор омадани давлати Байден бар таъомул бо Эрон ва дар пеш гирифтани дипломасӣ он ҳам ба сурати ҳаддиаксарӣ тамаркуз намоянд.

 Ин дар ҳоле аст ки Фаронса ба унвони яке аз аъзои сегонаи аврупоӣ мавзеъи хасмона ва зиёдаталабона дар қиболи Эрону Барҷом ишғол карда ва акнун Макрон дар нақши полиси бад хостаҳои давлати қаблӣ ва кунунии Амрико, яъне тавсеъаи Барҷом ва тарҳи мавзӯъоти дигар ба вижа тавонмандии мушакӣ ва сиёсатҳои минтақаии Эронро дар ҷараёни музокироти оянда хостор шуда аст.

 Албатта Макрон поро аз ин ҳад низ фаротар ниҳода ва бо бешармии тамом хоҳони изофа шудани муттаҳидони минтақаии Ғарб, яъне Арабистони саъудӣ ва режими саҳюнистӣ дар музокироти оянда шуда аст; дар ҳоле ки душмании ошкори Риёзу Тел-Авив бо Ҷумҳӯрии исломии Эрон барои ҳар таҳлилгару сиёсатмадоре равшан аст. Дар воқеъ Макрон ба пиндори худ мехоҳад дар музокироти оянда бо вуруди аъзои ҷадид, ҷабҳаи ғарбиҳоро тақвият ва фишорро бар Эрон ба ҳадди аксар бирасонад.

 Бо ин ҳол мавзеъи Теҳрон равшан аст.

 Ҳасани Руҳонӣ-раиси Ҷумҳӯрии исломии Эрон гуфта аст :«Ҳеч банде аз Барҷом иваз  нахоҳад шуд ва ҳеч фарде ҳам ба Барҷом изофа нахоҳад шуд.Барҷоми 5+2 ё 5+3 нахоҳад шуд.»

Ба гуфтаи Ҳасани Биҳиштипур-коршиноси масоили байналмиллалӣ ончӣ акнун дар авлавият аст ин аст, ки тарафҳои Барҷом ба иловаи Амрико таъаҳҳудотшонро иҷро кунанд, то барои Эрон итминон эҷод шавад, вагарна фазое барои ҳамкорӣ ва таъомул дар оянда ба вуҷуд нахоҳад омад.

 Мавзеъгириҳои ахири мақомоти баландпояи аврупоӣ дар нақшҳои дугонаи полиси хубу полиси бад дар воқеъ ба манзури ҳамсӯии комили Аврупо бо давлати Байден, мавозеъи барҷомии он ва дар воқеъ эҷоди ҷабҳаи нави ягонаи Ғарб дар баробари Эрон сурат гирифта аст.

 

 Бештар бихонед:

 

Барчасп